Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Нақдкунии маблағ дар Суғд осонтар шуд

25 Января 2023

Гирифтани маблағ аз кортҳои низоми миллии пардохтии “Корти Миллӣ” дар вилояти Суғд боз ҳам осонтару зудтар гардид. Агар қаблан дастраскунии маблағҳои нақд танҳо аз банкоматҳо ё дар идораҳои ташкилотҳои молиявӣ имконпазир бошад, пас ҳоло чунин имконият дар толорҳои алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” низ пайдо шуд.

Барои дастраскунии маблағ дорандагони “Корти Миллӣ” бояд ба толор ҳозир шуда, шиноснома ва корти бонкиро пешниҳод намоянд. Баъди бомуваффақият гузаштани тартиби мушаххасгардонии шахсият мизоҷ мустақилона PIN-рамзи корти худро дар POS-терминал ворид менамояд. Сипас маблағ аз ҳисоби корт берун карда шуда, корманди толор маблағи муносиби нақдиро ба мизоҷ медиҳад. 

Хизматрасонии “Cash Out” ба ҳамаи соҳибони кортҳои “Корти Миллӣ” новобаста аз бонки хизматрасон дастрас мебошад. Комиссия ҳамагӣ 1%-ро ташкил медиҳад. Дар як рӯз метавон то 10 000 сомонӣ маблағро дар як идора ба даст овард.

Дар вилояти Суғд хизматрасонии қулай аллакай дар зиёда аз 19 толорҳои алоқаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дастрас аст. Суроға ва реҷаи кории онҳоро дар сомонаи оператор пайдо карда метавонед. 

Хизматрасонии “Cash Out” аз ҷониби ширкат якҷоя бо ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” пешниҳод карда мешавад. Дар бозори телекоммуникатсионӣ ин нахустин бор аст, ки оператор ва ташкилоти молиявӣ бо муттаҳидкунии манбаъҳои худ имконияти дастраскунии маблағҳои нақдро барои соҳибони кортҳои бонкӣ васеъ мекунанд.


1.jpg 
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред