Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон U-17-ро дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар дастгирӣ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон U-17-ро дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар дастгирӣ намуд

3 Ноября 2025

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз дастгирии сафари дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба чемпионати ҷаҳон дар Қатар хабар дод. Ин иқдом на танҳо барои варзишагрони ҷавон имкони арзанда муаррифӣ кардани кишварро дар арсаи ҷаҳонии футбол фароҳам меорад, балки қисме аз ташаббуси васеъмиқёс оид ба рушди футболи кӯдакона дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки бо мусобиқаи “МегаФон U12” анҷом ёфт.

Дастгирии МегаФон Тоҷикистон ба мунтахаби наврасон (U-17) имкон дод, ки дар мусобиқаи асосии байналмилалӣ иштирок намоянд. Пеш аз сафар, бо илҳом бахшидани насли оянда, бозингарони мунтахаб бо финалистони мусобиқаи “МегаФон U12”, ки аз ҷониби Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон (ЛФКНТ) бо дастгирии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ташкил карда шуд, вохӯрданд.

Мусобиқаи “МегаФон U12”, ки дар Душанбе аз санаи 9 то 14 октябр баргузор гардид, боистеъдодтарин футболбозони наврасро ҷамъ овард. Финалистон барои бо дӯстони калонсоли худ аз мунтахаби U-17 вориди майдон шудан имконияти беназире пайдо карданд. Варзишгарони соҳибтаҷриба ба писарбачаҳо маслиҳатҳо дода, онҳоро баҳри ноилшавӣ ба дастовардҳои нав илҳом бахшиданд.

“Вохӯрӣ бо футболбозони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон U-17 ҷолиб буд. Онҳо моро барои футболбоз шудан ва бозӣ кардан дар мусобиқаҳои байналмилалӣ илҳом бахшиданд”, - иброз дошт Бахтиёр, яке аз иштирокчиёни мусобиқа.

“Мо аз имконияти дастгирӣ намудани мунтахаби худ ва фароҳам овардани шароитҳое, ки варзишгарони ҷавонро баҳри ноил шудан ба дастовардҳои нав илҳом мебахшанд, бениҳоят ифтихормандем. Вохӯрӣ бо бозингарони U-17 – ин ҳавасмандии муассир барои чемпионҳои оянда буда, маҳз чунин лаҳзаҳо ояндаи варзишии кишварро ташаккул медиҳанд”, - қайд кард директори генералии “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий Изюмников.

Абдулло Соқиев, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон муҳимияти шарикиро таъкид намуд: “Дастгирии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар рушди варзиши кӯдакона саҳми калон мегузорад. Чунин ташаббусҳо ба варзишгарони наврас барои боварӣ пайдо кардан ба нерӯи худ ва орзуҳои бузург кӯмак расонда, баҳри инкишофу рушди насли нави варзишгарон, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ арзанда муаррифӣ менамоянд, шароитҳоро фароҳам меоранд”.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати ҷаҳон – 2025 дар Қатар, ки бори нахуст дар шакли васеъ аз санаи 3 то 27 ноябр баргузор гардида, 48 дастаро гирди ҳам меорад, баромад мекунад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи аввал бозӣ хоҳад кард:

*   5 ноябр бар зидди Чехия

*   8 ноябр — бо ИМА

*   11 ноябр — бо Буркина-Фасо

 

“МегаФон Тоҷикистон” – якҷоя футболро инкишоф дода, чемпионҳои ояндаро ба воя мерасонем!

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

5.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред