Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон толорҳои навро дар бозорҳои Корвон ва Ганҷина ифтитоҳ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон толорҳои навро дар бозорҳои Корвон ва Ганҷина ифтитоҳ намуд

19 Марта 2020

Якумин оператори имкониятҳои нави рақамӣ васеъкунии доираи толорҳои фирмавиро идома дода истодааст. Хизматрасонии беҳтарин барои мизоҷони амалкунанда ва минбаъдаи МегаФон дар ду бозори калони пойтахт дастрас мешавад.

«Дар баробари интихоби ҷой барои нуқтаҳои фурӯши чакана, мо пеш аз ҳама қулайнокиро барои ташрифи муштариён ба инобат мегирем. Бозорҳои «Корвон» ва «Ганҷина» - макони муносиб маҳсуб мешаванд, зеро дар он ҷой сокинони пойтахт ва шаҳрвандони ба Федератсияи Россия сафаркунанда ба осонӣ дилхоҳ масоили “мобилии” худро ҳал намоянд», – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ш. Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛЯТОВ.

Бозори “Корвон” аз бисёр ҷиҳатҳо ҳам барои харидорон ва ҳам барои бештари сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки ба ФР ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, қулай мебошад. Чунки, қабл аз сафар онҳо метавонанд SIM-кортҳоро бихаранд ва замимаи «МегаФон Life»-ро барои муоширати муфид бо хешовандону наздиконашон пайваст намоянд.

Толори фирмавӣ дар бозори “Ганҷина” ба муштариён ва дӯстдорони гаҷетҳои замонавӣ писанд меояд. Дар ин ҷо МегаФон Тоҷикистон бо толори алоқаи Rudaki mobile муттаҳид шудааст. Ҳамин тариқ, ба муштариён якбора интихоби васеи дастгоҳҳои рақамӣ ва имконияти пайвасткунии тарофа ва хизматрасониҳои лозимӣ пешниҳод мегардад. Ғайр аз ин, нуқтаи фурӯш дар бозори “Ганҷина” яке аз аввалин эко-толорҳои ширкати «МегаФон Таджикистан» ба ҳисоб меравад, зеро он бо тарзи нав ва истифодаи масолеҳи табиӣ оро дода шуд. Масоҳати васеи толор низ барои баланд бардоштани шароитҳои хизматрасонӣ ба мизоҷон пешбинӣ гардидааст.

IMG_7969.jpg

IMG_8002.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред