Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон смартфонҳоро барои пардохт тавассути QR дар «Ҳамён» туҳфа менамояд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон смартфонҳоро барои пардохт тавассути QR дар «Ҳамён» туҳфа менамояд

2 Марта 2021

Муштариёни ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» метавонанд барои дарёфти туҳфаи арзишнок -  смартфони Samsung Galaxy A51 ҷидду ҷаҳд намоянд.  ID-рақамҳоро барои иштирок дар иқдом ҳангоми ҳар гуна харид ба маблағи аз 20 сомонӣ ва зиёдтар тавассути QR-рамз дар  «Ҳамён»-и замимаи мобилии  «МегаФон Life» ба даст овардан мумкин аст.

Ҳар муштарие, ки замимаро истифода мебарад, иштирокчии бурд шуда метавонад. Замимаро дар AppStore ё PlayMarket боргирӣ намудан мумкин аст.   Баъдан анҷом додани пардохт тавассути QR-рамз ба маблағи аз 20 сомонӣ ва зиёдтар кифоя мебошад. Барои чунин харидҳо иштирокчии иқдом миқдори бемаҳдуди ID-рақамҳоро ба даст меорад ва  имконияти худро барои бурди туҳфа афзун мегардонад.   

ID-рақамҳоро то  худи 29 декабр ба даст овардан мумкин аст. 30 декабр ҳамаи рақамҳои  ID дар бурд иштирок мекунанд ва дар рафти он генератори рақамҳои тасодуфӣ ғолибони иқдомро муайян менамояд.  Ҳамагӣ  15 адад смартфони Samsung Galaxy A51 бурд карда мешавад.   

«Воқеан «Ҳамён»-и мобилӣ  хеле қулай мебошад, танҳо ба  QR-рамз наздик овардани камераи телефон кифоя буда, дарҳол пардохт анҷом меёбад.  Ҳар қадаре, ки муштарӣ бештар аз ин функсия истифода барад, ҳамон қадар эҳтимоли бурднок баромадани яке аз  ID-рақамҳои ӯ  барои бурди смартфони замонавӣ  меафзояд.    Муҳим он аст, ки анҷом додани ягон амали иловагӣ зарурат надорад, танҳо замимаи  «МегаФон Life»-ро истифода баред ва  смартфон метавонад дар Соли нав маҳз насиби шумо гардад!» – иброз дошт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред