Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки шабҳои дароз бе маҳдудият онлайн бимонед
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки шабҳои дароз бе маҳдудият онлайн бимонед

18 Декабря 2019

Истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ аз соати 00:00 то 06:59 метавонанд бе маҳдудияти трафик ва бо суръатҳои баландтарин вориди Шабака гардида, инчунин трафикро тариқи Wi-Fi тақсим намоянд. Чунинанд шартҳои бастаи “МегаФон Тоҷикистон” дар тарофаҳои “Фаъол бош”, “Бубин” ва “Бемаҳдуд” аз силсилаи тарофаҳои “Биё!”.

 

Бастаи иловагии “Биё! Белимити шабона” барои онҳое бештар писанд меояд, ки ҳаҷми зиёди интиқоли маълумотро барои тамошои видео, ирсоли файлҳои калонҳаҷм ё онлайн-бозиҳо истифода менамоянд. Масалан, “Белимити шабона” имкон медиҳад, ки трафик тавассути Wi-Fi ба планшет ё ноутбук “партофта шуда” филмҳо тариқи онлайн аз экране бузургтар тамошо карда шаванд. Дар баробари ин, трафик дар вақти амали баста – яъне аз соати 12:00 то ҳафти саҳар – нархгузорӣ карда намешавад.

 

“Бастаи нав – шояд барои “шабзиндадорон” пешниҳоди беҳтарин бошад. Имконияти тамоми шаб истифода намудани интернет бе маҳдудияти суръат ва ҳаҷми трафик ҳамагӣ 15 сомонӣ арзиш дорад. Бо назардошти он, ки бастаи “Биё! Белимити шабона” дар давоми 30 шабонарӯз аз лаҳзаи пайвастшавӣ амал менамояд, он барои истифодаи тамоми манбаъҳои Шабакаи ҷаҳонӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Ночной___безлимит____jpeg.jpg

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред