Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон муштариёни рақамии худро сармоягузорӣ менамояд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон муштариёни рақамии худро сармоягузорӣ менамояд

30 Января 2020

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» натиҷаҳои инкишофи шабакаи 4G-ро дар вилояти Суғд ҷамъбаст намуд. Соли 2019 интернети босуръаттарини мобилӣ* боз барои 1 000 000 сокинони минтақа дастрас гардид: аллакай имрӯз онҳо метавонанд дарҳол саҳифаҳои интернетиро боргирӣ намоянд, видеоро ба таври онлайн тамошо кунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро аксбардорӣ намуда, дар онлайн-бозиҳо бозӣ кунанд.

 

Суръати 4G нисбат ба 3G 6-7 маротиба ва дар муқоиса бо дастрасии интернети 2G қариб 100 маротиба баландтар аст.    Акнун муштариёни аввалин имкониятҳои рақамӣ барои боргирии ҳаҷми калони маълумот тадриҷан вақти камтар сарф мекунанд. Масалан, боргирии ҳамаи қисмҳои силсилафилми «Ветренный» ба дастгоҳи мобилӣ дар давоми 3 соат имконпазир гардидааст (барои муқоиса: дар шабакаи насли сеюм барои ин амал зиёдтар аз 15 соат лозим меомад).   Дӯстдорони аксбардориҳо дар интернет метавонанд бо суръати баланд ҳамагӣ дар давоми як дақиқа даҳҳо расму аксҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир намоянд. Бояд қайд кард, ки арзиши хизматрасонии таҳвили маълумот дар шабакаҳои 3G ва 4G фарқ намекунад.

 

«Суръати баландтарин дар шабакаи 4G ба 75 Мбит/с мерасад. Яъне, барои боргирии файлҳои калонҳаҷм соатҳои зиёд нишастан дар сари компютер бо интернети симӣ дигар зарурат надорад. Дар баробари инкишоф додани шабакаи насли чорум, мо воқеан ҳам муштариёни рақамии худро сармоягузорӣ намуда, дархосту интизориҳои онҳоро амалӣ менамоем. Интернети босуръаттарини мобилии 4G аллакай дар шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Деваштич дастрас аст», – иброз дошт директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд   Далер НАИМОВ.

 

МегаФон Тоҷикистон шабакаи 4G-ро дар се диапазон: 2600 МГц, 1800 МГц ва 800 МГц бунёд менамояд. Басомади 2600 МГц барои табодули маълумот бо суръатҳои баланд имконият дода, фарогирии васеи шабакаро таъмин менамояд.    Афзалиятҳои интернети 4G-ро бо ёрии таҷҳизоте, ки дар он технологияи мазкур дастрас мебошад, баҳо додан мумкин аст. Хусусияти стандарти 4G ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар мутобиқати пурраи он бо шабакаҳои наслҳои қаблӣ ифода меёбад   Ҳангоми баромадан аз минтақаи амали шабакаи насли чорум, модем ё планшет кори худро дар шабакаҳои 3G ё 2G идома медиҳад.

 

*Аз рӯи маълумоти Ookla (таҳиякунандаи хизматгузории Speedtest), МегаФон Таджикистан ба мизоҷони худ интернети мобилии босуръаттаринро дар кишвар таъмин менамояд. Таҳқиқот ҳамасола дар тамоми ҷаҳон гузаронида мешавад.   

Попробуй самый быстрый мобильный интернет в стране 2020.jpg

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред