Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва MMS
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон идораҳои “мобилиро” ифтитоҳ намуд

21 Ноября 2019

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” консепсияи нави нуқтаҳои алоқа – маконҳои мобилии хизматрасонии муштариёнро муаррифӣ намуд. Онҳо бо сабки корпоративӣ оро дода шуда, бо ҳама лавозимоти барои хизматгузории мизоҷон зарурӣ таъмин карда шудаанд.

 

Имрӯз ба фаъолияти нуқтаҳои мобилии оператори имкониятҳои рақамӣ расман оғоз бахшида шуд. Ҳангоми роҳандозии лоиҳа МегаФон Тоҷикистон хоҳишу дархостҳои он мизоҷонеро, ки на ҳамеша имкони ба идораҳои хизматрасонии ширкат рафтаро доранд, ба назар гирифт. Нуқтаҳои мутаҳаррики фурӯшҳо ба ноҳияҳо раҳсипор шуданд, чунин чора ба сокинони ҷамоатҳо имкон медиҳад, ки хизматгузории баландсифатро бе сафари алоҳида ба марказҳои ноҳиявӣ дастрас намоянд.

 

Дар нуқтаҳои мобилии алоқа ба муштариён ҳамаи намудҳои хизматрасониҳо дастрас аст: дар ин ҷой на танҳо метавон ба шабака пайваст шуд ё тавозунро пур кард, балки дар баробари ин чунин имкониятҳои рақамӣ, ба монанди замимаи “МегаФон Life”-ро мавриди санҷиш қарор дод. Муштариён инчунин имкон пайдо мекунанд, ки баҳри расонидани таассуроти худ бо наздиконашон, ирсоли аксу видео ба дӯстон, боргирӣ ва гӯшкунии мусиқӣ дастрасиро ба интернети босуръати мобилӣ танзим намоянд.

 

“Инкишофи алоқаи мобилӣ – барои оператори мобилӣ вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, вале таъмини муштариён бо хизматгузории беҳтарини мизоҷон низ аҳамияти бузург дорад. Нуқтаҳои мобилӣ ба мизоҷони мо аз ҷамоатҳо имкон медиҳанд, ки дилхоҳ масъалаҳоро ҳал карда, смартфону планшетҳои худро тавре танзим намоянд, то истифодаи хизматрасониҳои зарурӣ, чуноне ки барои сокинони шаҳр бевосита дастрас аст, барои онҳо низ пурра дастрас гардад”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

 МФС_002.JPG

 МФС_003.JPG

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред