Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон гузашта ва ояндаи телекоммуникатсияро шарҳ додааст
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон гузашта ва ояндаи телекоммуникатсияро шарҳ додааст

2 Марта 2021

Дар доираи лоиҳаи «МегаФон дар пахши мустақим» онлайн-мулоқот бо директори раёсати минтақавии ширкат дар ш. Душанбе ва НТМ Парвиз Давлатов баргузор гардид. Мутахассиси соҳа, ки 17 соли ҳаёташро ба ширкати МегаФон бахшидааст, дар хусуси таърихи инкишофи соҳаи алоқа дар кишвар  ва омилҳои инноватсионии таъминкунандаи пешсафӣ ба оператор дар ҳоли имрӯз сухан кард.

Дар тӯли бист сол соҳаи алоқа куллан тағйир ёфтааст. Танҳо муқоисаи телефонҳои солҳои пешин бо смартфонҳои ҳозиразамон кифоя аст, то ин ки рушди бовусъати ҷодаи телекоммуникатсияро дарк намоем. Махсусан, мутахассисони касбӣ чунин пешравиҳоро бештар мушоҳида менамоянд.

«Ҳар як насли нави алоқа дигаргуниҳои ҷиддиро дар инфрасохтор ба миён меорад. Он пойгоҳҳои базавӣ ва хатҳои алоқае, ки имрӯз амал менамоянд, даҳ сол пеш мо онҳоро ҳатто тасаввур карда ҳам наметавонистем. Вале, мо кӯшиш менамоем, ки дар сафи аввалинҳо ҳарчи бештар ба муваффақиятҳо ноил шавем. Дар натиҷа, бо ҳар як қадами пешрафти мо муштариён сифати беҳтарини алоқа ва суръатҳои баландтарини интернетро дастрас менамоянд», – мегӯяд Парвиз ДАВЛАТОВ

Директори раёсати минтақавӣ иброз дошт, ки МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда, дар кишвар якчанд шабакаҳои алоқаро, аз 3G то 5G, роҳандоҳӣ намуд. Имкониятҳои нави технологӣ на танҳо дастгоҳҳои муштариён, балки сервисӣ мизоҷонро иваз карданд. Чунончи, дар баробари афзоиши суръатҳои интернет ҳарчи бештар системаҳои худхизматрасонӣ рушд меёбанд. Имрӯз, дигар ба маркази хизматрасонӣ рафтан зарурат надорад, зеро бисёри саволҳо бо якчанд пахшкунӣ дар смартфон ҳал карда мешаванд.

«Ҳаёти мо торафт бештар бо технологияи иттилоотӣ алоқаманд аст. "Инқилоби рақамӣ" ҷараён дорад, ки дар он коршиноси мо Парвиз Давлятов иштирокчии бевосита мебошад. Соҳаи алоқа босуръат рушд карда истодааст ва танҳо мутахассисони ҳақиқӣ, ки кори худро дӯст медоранд, ин тағйиротро нигоҳ дошта метавонанд. Боварӣ дорам, ки пахшҳои мустақими мо ба мутахассисони ҷавон, донишҷӯёни ҳозира дар бораи соҳаи телекоммуникатсия маълумоти васеъ пешниҳод карда, дурнамои рушди касбият ва тахассусро дар ширкати мо ошкор менамоянд», – шарҳ медиҳад директор оид ба ҳайати кормандони ширкат «МегаФон Таджикистан» Анна ЖДАНОВА.

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред