Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аввалин толорро бо услуби «эко» ифтитоҳ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аввалин толорро бо услуби «эко» ифтитоҳ намуд

27 Декабря 2019

МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор толори фирмавӣ кушодааст. Он нахустин нуқтаи хизматрасониест, ки мувофиқи меъёрҳои нав ва дар заминаи таъмини шароитҳои комилан қулай барои мизоҷон оро дода шуд. Толори нав ба ғайр аз масоҳати васеъ, инчунин бо тарҳи замонавӣ ва истифодаи масолеҳи табиӣ фарқият дорад.

 

Шакли нави толорҳои фирмавии оператор бо мақсади пешниҳоди хизматгузории рақамии сатҳи баланд таҳия гардидааст. Дар бино мавқеи махсус вуҷуд дорад, ки барои нерӯгирии дастгоҳҳои мобилӣ имконият медиҳад. Ҷои бештар барои шаклҳои нави гаҷетҳои рақамӣ ҷудо карда шудааст. Рангҳову фазои таскинбахш ва масолеҳи табиӣ табъи мизоҷонро болида гардонида, машваратчиён ба таври фардӣ хизматрасонӣ менамоянд. Дар толор тамоми доираи хизматрасониҳои оператор дастрас аст.      

 

«Имрӯз ба ҷои толорҳои пештара биноҳои замони нав ворид шуда истодаанд. Дар ин ҷо лавозимотҳои зарурӣ пешниҳод гардида, саволҳо оид ба алоқаи мобилӣ ҳаллу фасл карда мешаванд. Дар ин макон муносибатҳои дарозмуддат бо мизоҷон ба расмият дароварда шуда, маълумоти заруриро дар бораи хизматрасониҳои Ширкат ба даст овардан мумкин аст. Мизоҷон   дар рафти муошират бо мутахассисон ҳам аз хизматрасониҳои алоқа ва ҳам аз моҳияти хизматгузориҳои муосири рақамӣ дар ташаккули шахсияти онҳо воқиф мешаванд. Мо нақша дорем, ки бунёди чунин толорҳоро дар тамоми кишвар идома диҳем” – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати МегаФон Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.        

 

Толори фирмавии нав дар кӯчаи 60 солагии Ҳисор воқеъ гардида, ҳамарӯза мизоҷонро аз соати 8:00 то 18:00 интизор аст.

IMG_7862.jpg

IMG_7969.jpg

IMG_8002.jpg 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред