Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон дар Истаравшан толори нави алоқаро ифтитоҳ намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет ва MMS
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон дар Истаравшан толори нави алоқаро ифтитоҳ намуд

29 Января 2020

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” васеъкунии шабакаи толорҳои фирмавиро дар вилояти Суғд идома медиҳад. Толори нави алоқа дар деҳаи Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ба фаъолияти худ оғоз намуд. Дар рӯзи кушодашавии он ҳар як муштарие, ки тарофаи “Биё: Фаъол бош”-ро интихоб намуд, купонро барои пайвасткунии ройгони хизматгузории “Арбуз ТВ” барои тамошои онлайни шабакаҳои рақамии телевизионӣ ба даст овард.

 

Дар толори нав муштариён интихоби васеи дастгоҳҳо (телефонҳои мобилӣ, роутерҳо) ва лавозимоти онҳоро пайдо хоҳанд кард. Ба ғайр аз ин, мутахассисони ширкат зуд ва босифат дар ҳалли ҳама гуна масоили “мобилӣ”-и муштариён – аз интихоби тарофаи муносиб то танзимкунии таҷҳизот кӯмак менамоянд.

 

“МегаФон Тоҷикистон” ҳаракат мекунад, ки ҳамаи муштариёнашро бо хизматрасонии беҳтарин таъмин намояд. Маҳз барои ҳамин мо шабакаи хусусии хизматрасониро дар вилояти Суғд васеъ менамоем. Дар толори нави воқеъ дар деҳаи Гули Сурх сокинон дар масъалаҳои гуногун машварат гирифта метавонанд”, - изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

Шурӯъ аз январи соли 2020 дар толорҳои оператор инчунин метавон чиптаҳои ҳавопаймоиро ба ҳама самтҳо дастрас намуд. Тартиби мазкур якчанд дақиқаро дар бар гирифта, ба воситаи он метавон масъалаи вобаста ба харидани чиптаҳои ҳавопайморо дар наздикии хона ё ҷойи кор ба зудӣ ҳал намуд.

 

Толори нави МегаФон дар деҳаи Гули Сурх, дар суроғаи: к.Спитамен,75 ҷойгир аст. Вақти корӣ – ҳаррӯза аз соати 8:00 то 17:00.

 ФС Истаравшан.JPG

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред