Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон дар қаламрави кишвар киштиҳои кайҳонӣ ва тангаҳои тиллоиро ҷорӣ намудааст
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон дар қаламрави кишвар киштиҳои кайҳонӣ ва тангаҳои тиллоиро ҷорӣ намудааст

7 Января 2020

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бозии аввалини «МегаКвест»-ро, ки бо технологияҳои воқеияти иловашуда асос ёфтааст, роҳандозӣ намуд. Дар нуқтаҳои муайяни тамоми ҳудуди Тоҷикистон соҳибони смартфонҳо метавонанд дар экранҳо на танҳо манзараҳои маъмулии шаҳр ё кӯҳсор, балки объектҳои виртуалиро, ба монанди киштиҳои кайҳонӣ ва тангаҳои тиллоӣ, бубинанд. Бо киштиҳои кайҳонӣ гирифтани расм имконият дошта, тангаҳои тиллоии “МегаКоинҳо” ҳангоми пардохти харид дар мағозаи интернетии худи бозӣ қабул карда мешаванд.   

«МегаКвест» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар заминаи технологияи Spheroid Universe таҳия гардидааст. Объектҳои ғайриоддиро тавассути дилхоҳ смартфоне, ки дар он технологияи корандозии воқеияти иловашудаи ARKit (iOS) ва ARCore (Android) дастрас аст, метавон пайдо кард. Бозӣ ба дастгоҳи мобилӣ аз Google Play ва App Store гирифта мешавад.

 Вазифаи аввалини иштирокчӣ баъд аз боргирии бозӣ аз дарёфти объект аз рӯи нишонаҳои GPS иборат аст. Бо гардонидани камера ба сӯи 3D-объекти ошкоршуда, гирифтани расм ва видео ё ҷамъоварии тангаҳои даврзанандаи тиллоӣ имконпазир аст.    

«Бозиҳо бо воқеияти иловашуда ҳарчи бештар шуҳрат пайдо карда истодаанд. Бинобар ин, истеҳсолкунандагони гаҷетҳо тасмим гирифтанд, ки то соли 2023 истеҳсоли айнакҳои махсусро барои чунин бозиҳо ба таври оммавӣ ба роҳ монанд. Дар смартфонҳо он аллакай дастрас аст. Айни замон мо бозии «МегаКвест»-ро ҷорӣ намудем, то ин ки муштариёни мо ба воқеияти иловашуда ва объектҳои виртуалӣ одат кунанд. Лекин, анҷом додани харид тавассути МегаКоинҳо дар воқеъ низ имконият дорад. Ин худ як туҳфаи аҷибе дар Соли нав хоҳад шуд», – мегӯяд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.   

photo_2019-12-09_15-38-41.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред