Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон бори дигар «Бренди сол» эътироф гардид

19 Декабря 2019

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷоизаи тиллоиро таҳти унвони «Қуллаи шараф» дар озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» ба даст овард. Оператори имкониятҳои нави рақамӣ бори сеюм аст, ки ба теъдоди ғолибони ин озмун шомил мешавад.

 

«Бренди сол» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад. Ҳадафи он аз таблиғи зарурати муҳофизати ҳуқуқии тамғаҳои тиҷоратӣ ва пайдо намудани ширкатҳое, ки намунаи идоракунии самараноки бренд ба ҳисоб мераванд, иборат аст.    Имсол дар озмун зиёда аз 70 ширкати сатҳи гуногун, аз ҷумла ширкатҳои фаъолияташон нав оғозшаванда, номнавис гардида буданд. Нигоҳ доштани мақоми пешсаф дар сурати ҳамгироии якчанд самти бизнес дар номинатсия чандон осон нест.   

 

«Дар баробари иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ, мо мебинем, ки теъдоди довталабони ғолибият сол то сол афзун мегардад. Дар Тоҷикистон ширкатҳои нав пайдо шуда истодаанд, ки бо ҷидду ҷаҳд дар бозори технологияҳои нав ба фаъолият шурӯъ менамоянд. Ин моро ба такомул, таҳияи маҳсулоти инноватсионии рақамӣ водор месозад, ки ба шарофати онҳо бренди мо пурзӯр ва маъруф боқӣ мемонад. Ба ташкилкунандагони озмун барои мукофот арзи сипос баён мекунам!» – иброз дошт Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.       

 IMG_9606 (2).png

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред