Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон барои пардохти маблағи алоқа бо кортҳои бонкӣ терминалҳоро ба кор даровард
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон барои пардохти маблағи алоқа бо кортҳои бонкӣ терминалҳоро ба кор даровард

25 Ноября 2019

Дар идораҳои хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Душанбе ва НТМ терминалҳои махсус барои пардохтҳои ғайринақдӣ пайдо шуданд. Бо ёрии онҳо муштариён метавонанд маблағи хизматрасониҳои алоқаро бо гузаронидани маблағ аз кортҳои бонкии худ пардохт намоянд. Лоиҳа аз ҷониби оператор якҷоя бо Бонки байналмилалии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст.

 

Кортҳои пластикии бонкӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурии мо ба як воситаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Ба онҳо музди меҳнат ва нафақаҳо гузаронида мешаванд, дар бисёр маконҳо ба воситаи кортҳо метавон маблағи харидҳоро пардохт намуд. Дар муқоиса ба гардонидани маблағи нақд бо худ ин воситаи нисбатан қулай ва бехатар ба ҳисоб меравад. Бо дастгирии ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оператор соҳаи истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро васеъ менамояд. Акнун бо ёрии онҳо пардохти ҳаққи хизматрасониҳои алоқаи МегаФон дастрас мебошад. Бо ин мақсад метавон кортҳои VISA, “Корти Миллӣ”, UnionPay, QuickPass ва payWave-ро мавриди истифода қарор дод.

 

“Терминалҳо ба мизоҷони идораҳои мо имкон медиҳанд, ки ҳамаи амалиётҳои пардохтиро анҷом диҳанд. Ҳамагӣ бо якчанд “пахш” маблағи корт ба ҳисоби абонентӣ гузаронида мешавад. Ин воситаи содда имкон медиҳад, ки вақти хизматрасонии мизоҷон кам карда шуда, мушовирон имкон пайдо мекунанд, ки диққати бештарро ба масъалаҳои дигари муҳим зоҳир намоянд – масалан, гаҷетҳоро танзим намоянд ё дар робита ба интихоби тарофаи муфидтарин маслиҳатҳо диҳанд”, - изҳор дошт сармуҳосиби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Оксана ДЕМИДОВА.

 

Лоиҳаи нави оператор идомаи кори системавӣ оид ба инкишофи пардохтҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад. “Қаблан имкони пардохти ҳаққи харидҳо ва хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои алоқа, дар замимаи “МегаФон Life”, ки дар он як фасли пурра бо номи “Ҳамён” пешбинӣ шудааст, амалӣ гардида буд. Мо кӯшиш ба он мекунем, ки муштариён дорои ҳарчӣ бештар воситаҳо барои ҳалли вазифаҳои молиявӣ буда тавонанд. Ҳар як нафар метавонад он воситаи пардохтеро интихоб кунад, ки барояш қулай аст”, - қайд намуд директор оид ба хизматгузориҳои инноватсионӣ ва технологияҳои иттилоотии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Вячеслав КОЗЛОВ.

 photo_2019-11-21_14-37-04.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред