Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон ба муштариён бастаи “2020”-ро бо нархҳои “солинавӣ” пешниҳод намуд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон ба муштариён бастаи “2020”-ро бо нархҳои “солинавӣ” пешниҳод намуд

17 Декабря 2019

Пешопеши Соли нав муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” метавонанд бастаи махсусро бо ҳаҷмҳои ҳармоҳаи 2020 Мб трафики интернет, 2020 дақиқа дар дохили шабака ва ҳамин миқдор SMS-ҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оваранд. Арзиши баста – 399 сомони, муҳлати амал – 12 моҳ. Пайвасткунии он то 31 декабри соли 2019 ҳам ба рақами худ ва ҳам ба рақами шахси наздик ба сифати туҳфаи солинавӣ имконпазир аст.

 

“Аз рӯйи ҳаҷмҳои дохилшуда ва нарх “2020” дар байни ҳамаи бастаҳои амалкунанда шояд бастаи аз ҳама муфид бошад. Пардохт барои он якбора дар рӯзи пайвасткунӣ гирифта мешавад. Тӯли як сол пас аз ин метавон бе ташвишу нигаронӣ барои тавозуни худ хизматрасониҳои асосии алоқаи мобилиро истифода намуд. Мувофиқи арзиши баста нархи якмоҳаи хизматрасонӣ аз рӯйи он ба 33,25 сомонӣ рост меояд, ин аз пайваст кардани, масалан, бастаи оддии интернетӣ бо ҳаҷми зикршуда ду маротиба муфидтар аст. Бастаи “2020” бошад, боз дақиқаҳо ва SMS-ҳоро дар бар гирифтааст. Барои онҳое, ки бо дӯстону наздикон зиёд муошират менамоянд, ин пешниҳоди беҳтарин аст!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

 

Бо пайвасткунии бастаи “2020” дар давоми як соли пурра ҳар як моҳи тақвимӣ ба муштарӣ 2020 Мб, дақиқаҳо ва SMS-ҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҳаҷми истифоданашудаи хизматрасониҳо бекор карда шуда, ба моҳи оянда намегузарад. Пайвасткунии баста дар ҳамаи тарофаҳои амалкунандаи Ширкат, ҳам барои шахсони воқеӣ, ҳам барои мизоҷони корпоративии ширкат дастрас мебошад. Дархост барои пайвасткунии мустақилона - *2020#. Команда для самостоятельного подключения – *2020#.

 

Бастаи “2020”-ро метавон чун туҳфа ба рақамҳои дӯстону наздикон – муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” пайваст намуд. Барои ин Шумо бояд дар телефони худ USSD-комбинатсияи *2020*рақами дӯст#-ро рақамчинӣ кунед. Баъди пайвасткунии баста ба муштарӣ SMS-паёмаки тарикотӣ бо рақами нафаре, ки аз ҷониби ӯ туҳфа ворид шуд, ирсол мегардад.

2020___Пакет___.jpg

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред