Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон ба меҳмонии «Доно» барои трафики бонусии интернет даъват мекунад
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон ба меҳмонии «Доно» барои трафики бонусии интернет даъват мекунад

2 Марта 2021

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ иқдоми нави «Дар меҳмонии «Доно»»-ро роҳандозӣ намудааст. Муштариёни ширкат метавонанд трафики иловагӣ, инчунин ID-рақамҳои нодирро барои иштирок дар бурди солинавии смартфонҳо ва бастаҳои интернетии солона ба даст оранд. Шарти асосӣ – мустақилона пайваст кардани бастаҳои интернетии пулакӣ ва тарофаҳои силсилаи «Биё! 2020» бо ёрии чат-боти «Доно» мебошад.  

«Дар арафаи Соли нав трафики иловагии интернет барои бисёриҳо лозим буда, он  барои табрики  дӯстону наздикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ,  ба онҳо фиристодани видео ва расмҳои ҷолиби худ имкон медиҳад.  Танҳо истифода бурдани чат-боти мо барои пайвасткунии тарофаҳо ва бастаҳои интернетӣ кифоя буда, баъдан трафик  ба таври автоматӣ ворид мегардад.  Онҳое, ки Dono-ро чандин маротиба истифода бурда, якчанд   ID-рақам ба даст  меоранд, имконияти бештар барои дастраскунии туҳфаҳои беҳтарин  пайдо мекунанд.  Ин боз як туҳфаи солинавии мо хоҳад буд!» – мегӯяд  директори тиҷоратии  ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.   

Иқдоми "Дар меҳмонии Доно" то худи 28 декабр идома меёбад. Ҳаҷми трафики якдафъаинаи бонусӣ, ки ба иштирокчиён пешниҳод мегардад, ба бастаи интихобшуда вобаста аст ва аз 500 то 2000 МБ-ро ташкил медиҳад. Онро дар давоми як моҳ аз рӯзи воридшавӣ истифода бурдан мумкин аст.

Ғайр аз трафики бонусии интернет, истифодабарандагони чат-боти “Доно” имконияти иштирокро дар бурди солинавии туҳфаҳо пайдо мекунанд. 10 нафар ғолибони иқдом рӯзи 29 декабр аз байни ҳамаи соҳибони рақамҳои ID бо ёрии генератори рақамҳои тасодуфӣ муайян карда мешаванд. Туҳфаҳо барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм - смартфонҳои Samsung Galaxy S20 Ultra ва Samsung Galaxy A51 хоҳанд буд. Иштирокчиёне, ки ҷойҳои аз чорум то даҳумро ишғол кардаанд, бастаҳои интернетиро бо ҳаҷми аз 24 то 120 ГБ ба муҳлати як сол туҳфа мегиранд.

Ҳаҷми трафики бонусиро, ки дар доираи иқдоми «Дар меҳмонии «Доно»» пешниҳод мегардад, бо суроғаи зерин фаҳмидан мумкин аст:

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред