Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон аз нигоҳи донишҷӯён

6 Декабря 2019

Шиносоӣ бо донишҷӯёни соли чорум, ки дар филиали ДДМ аз рӯи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ” » таҳсил менамоянд, дар «Академияи МегаФон» баргузор гардид. Намояндагони оператор дар бораи зерсохторҳои минтақавӣ ва функсионалии Ширкат сухан карда, муфассал оид ба имкониятҳои пешниҳодшаванда ба мутахассисони ҷавон дар баробари омадан ба МегаФон Тоҷикистон шарҳ доданд.  

 

Баъдан меҳмонон ба бинои дигар, яъне   ба идораи марказии оператор раҳсипор шуданд. Дар он ҷо донишҷӯён ба Маркази тамос, ки ба муштариён ба таври шабонарӯзӣ хизмат мерасонад, ташриф оварда, бо кори коммутатор, тартиби гузаронидани мониторинги шабака ва назорати таҷҳизоти дар тамоми кишвар насбгардида шинос шуданд. Экскурсия дар идораи Раёсати минтақавии Ширкат дар шаҳри Душанбе ва НТМ хотима ёфт. Директори раёсат Парвиз ДАВЛАТОВ дар бораи вазифаҳои иҷрошаванда ва муваффақиятҳои худ гуфта гузашт.

 

«Вохӯрӣ бо ҷавонон ҳамеша мароқовар аст. Донишҷӯён одатан фикрҳои нав доранд. Худи саволҳои дар рафти экскурсия баённамудаи онҳо низ барои соддатар ва босамар гардонидани сохтори ширкат нигаронида шудаанд. Аз ин рӯ, таклифи иштирокро дар лоиҳаи ДДМ мо бо хушнудӣ қабул намудем. Боварӣ дорам, ки дар барномаҳои минбаъд муаррифишавандаи донишҷӯён, мо шумораи зиёди таклифҳои муфидро дида метавонем», – мегӯяд Парвиз ДАВЛАТОВ.  

 

Дар рафти экскурсия донишҷӯён дар озмуни расми ҷолиб дар мавзӯи Digital иштирок намуданд. Он бояд якҷоя бо матни мароқовар дар саҳифаи худ дар «Фейсбук», бо ҳамроҳкунии хештегҳои #DigitalДонишҷӯ ва #МегаФонТоҷикистон, ҷойгир карда шавад. Ҳакамон дар ҳайати хабарнигори сомонаи Dialog.tj Дилноза КУДДУСОВА ва рӯзноманигори Limu Media Шаҳзода АББАСОВА, бо як овоз Татьяна Котляроваро ғолиб интихоб намуд. Ба сифати ҷоиза донишҷӯ шаҳодатномаро барои гирифтани рақами “қиматнок” аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» соҳиб гардид.

 

«Гумон мекунам, ки вохӯрии аввалини донишҷӯёни мо бо мутахассисони МегаФон бениҳоят самарабахш анҷом ёфт!   Донишҷӯён донишу маҳорати зиёди муфидро ба даст оварда, вориди фазои кории ширкати пешрафта гардиданд. Ба оператор барои дастгирии лоиҳаи мо ва омодагӣ ҷиҳати табодули таҷриба бо ҷавонон сипосгузорем!» – иброз намуд Зарина ШОДИЕВА, номзади илмҳои иқтисодиёт, дотсенти филиали ДДМ.

 IMG_9186.jpg

IMG_9244.jpg IMG_9245.jpg

photo_2019-11-29_14-27-54.jpg


© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред