Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда, ба муштариён гузаришро аз сим-корти муқаррарӣ ба eSIM-кортҳо пешниҳод намудааст
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон аввалин шуда, ба муштариён гузаришро аз сим-корти муқаррарӣ ба eSIM-кортҳо пешниҳод намудааст

13 Февраля 2020

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба мизоҷони худ намуди нави кортҳои еSIM-ро пешкаш гардонд. Дар муқоиса бо сим-кортҳои маъмулӣ, онҳо шакли модули ба дастгоҳи муштарӣ насбшударо доранд ва насби «механикӣ»-ро талаб наменамоянд. eSIM-ро ба сифати корти иловагӣ дар смартфонҳо ва планшетҳо, инчунин барои пайвасткунӣ ба шабакаи мобилии гаҷетҳое, ки слот барои SIM-корт надоранд, масалан соатҳои доно, истифода бурдан мумкин аст.


Барои истифодаи eSIM дастгоҳе лозим аст, ки дар он технологияи мазкур дастрас бошад. Кортҳои намуди нав бо истифодаи рамзи QR, ки аз тарафи муштарӣ ҳангоми ташрифоварӣ ба идораи хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» сканер карда мешавад, пайваст мегарданд. Агар муштарӣ корти пештараашро ба электронӣ иваз намояд, он гоҳ SIM корти пешина аз фаъолият бозмемонад. Барои eSIM маҳдудиятҳои барои сим-корти маъмулӣ пешбинишуда эътибор доранд, яъне як муштарӣ на зиёда аз ду рақамро ба номи худ ба расмият дароварда метавонад.


Барои пайвасткунии eSIM бо худ доштани паспорти амалкунанда (ID-корт)-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худи дастгоҳи мобилӣ лозим аст. Минбаъд eSIM маҳз ба ҳамин гаҷет вобаста карда шуда, ба дигар смартфон ё дастгоҳ гузаронида намешавад. Яъне, тартиби такрории пайвасткунӣ лозим меояд. Арзиши хизматрасонӣ – 30 сомонӣ.


«Дар баробари пайдоиши гаҷетҳои дорои модули eSIM, воқеан ҳам ҷараёни гузариш аз сим-кортҳои оддӣ ба сим-кортҳои электронӣ оғоз гардид. Мо кӯшиш кардем, ки аввалин шуда, ба муштариён чунин имкониятро пешниҳод намоем. eSIM аз ҳамон ҷиҳат қулай аст, ки аз ягон зарари механикӣ намешиканад ва онро дар ашёҳое, ки барои онҳо сим-кортҳои муқаррарӣ пешбинӣ нашудаанд, масалан дар соатҳои доно, фитнес-дастпонаҳо ва дастгоҳҳои дигар, насб кардан мумкин аст», – шарҳ медиҳад директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

eSIM___еСИМ___МегаФон_____ (4).jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред