Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • МегаФон Тоҷикистон «Арбуз ТВ»-ро ба пардохти абонентии муфиди ҳаррӯза мегузаронад
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

МегаФон Тоҷикистон «Арбуз ТВ»-ро ба пардохти абонентии муфиди ҳаррӯза мегузаронад

29 Ноября 2019

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба дӯстдорони кино ва барномаҳои телевизионӣ бастаи «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза»-ро пешниҳод намудааст. Он 70 шабакаи телевизиониро дар бар гирифта, пардохти ҳаррӯзаро бо нархи 1,20 сомонӣ дар бар мегирад. Хизматрасонии мазкур яке аз пешниҳодҳои муфидтарини оператор маҳсуб мешавад.    

 

То ин замон дар доираи «Арбуз ТВ» ба дорандагони смартфонҳо ва планшетҳо ду баста бо пардохти абонентии ҳармоҳаи – «Муносиб» иборат аз 50 шабакаи телевизионӣ бо нархи 35 сомонӣ ва «Максималӣ», ки дар он 70 шабакаро бо нархи 50 сом. тамошо кардан мумкин аст,   дастрас буданд.  Пешниҳоди нав барои тамошои шумораи зиёди шабакаҳо имконият дода, зимнан нархи хизматрасонӣ ба арзиши бастаҳои хизматрасониҳои қаблан фаъолгардида баробар аст.

 

«Шакли навин на танҳо бо таносуби мусоиди нарх ва ҳаҷми хизматрасониҳо фарқ мекунад. Акнун худи муштарӣ метавонад муҳлати пайвасткунии «Арбуз ТВ»-ро муайян карда, маблағи изофаро барои рӯзҳои “зиёдатӣ”, масалан ҳангоми вақт надоштан барои тамошои видеои мобилӣ, сарф нанамояд», – шарҳ медиҳад Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ

 

Бастаи «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза» шабакаҳои телевизионии дорои мавзӯъҳои гуногунро, ба монанди варзиш, фароғат, таҳсилот, иттилоот,  дар бар мегирад. Онҳоро дар дилхоҳ смартфонҳо ё планшетҳои дорои системаҳои оператсионии Android ва iOS тамошо кардан мумкин аст.  Барои истифодаи хизматрасонӣ, муштарӣ бояд замимаи мобилии «Арбуз ТВ»-ро аз Play Маркет ё App Store боргирӣ намуда, хизматрасонии «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза»-ро фаъол гардонад ва ба равзанаи авторизатсия логин ва пароли тавассути SMS-паёмак дастрасшударо ворид намояд.     Парол ва логини ягона танҳо дар як дастгоҳи муштарӣ амал менамоянд.

 

Бастаи «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза» ба муштарӣ дар давоми 24 соат аз лаҳзаи пайвасткунӣ дастрас аст.   Дафъаи оянда пардохт ба таври автоматӣ баъд аз як шабонарӯз, агар дар ҳисоби истифодабаранда маблағи кофӣ мавҷуд бошад, гирифта мешавад. Дар рӯзҳое, ки муштарӣ «Арбуз ТВ»-ро тамошо намекунад, хизматрасониро мустақилона қатъ намудан зарур меояд. USSD-дархост барои пайвасткунии хизматрасонии «Арбуз ТВ – Ҳаррӯза» – *808#, барои қатъкунӣ – *808*0#.   

 

Муштариёне, ки қаблан дигар бастаҳои «Арбуз ТВ»-ро, ба монанди «Муносиб» ва «Максималӣ», пайваст намуданд, метавонанд минбаъд низ онҳоро истифода баранд ё ба намуди бо пардохти ҳаррӯза гузаранд.   Барои ин бояд намуди пештара қатъ гардад ва хизматрасонии нав пайваст карда шавад.

 

Ҳангоми истифодаи замимаи мобилии «Арбуз ТВ» ва тамошои шабакаҳои телевизионӣ трафики таҳвили маълумот ройгон аст ва аз бастаҳои пайвастнамудаи муштарӣ гирифта намешавад.  Трафики интернет танҳо дар ҳолате нархгузорӣ мегардад, ки агар муштарӣ хизматрасониро тавассути логин ва пароли худ на аз рақаме, ки ба он хизматгузории «Арбуз ТВ» пайваст шудааст, балки аз рақами дигар истифода барад.
арбуз каждый день.jpg
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред