Салом.
Оё кӯмак лозим аст?
Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред
27 Ноября 2025
Замимаи мобилии “МегаФон Life”, ки садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон ҳаррӯза онро истифода мебаранд, пайваста инкишоф меёбад. Дар соли 2025 SuperApp бо якчанд навсозиҳое, ки ба баландбардории сатҳи қулайнокӣ, суръат ва мутобиқгардонии хизматрасониҳо нигаронида шуда буданд, пурра гардид. Истифодабарандагон на танҳо метавонанд алоқаро идора карда, амалиёти молиявиро анҷом диҳанд, балки дигар вазифаҳои рӯзмарраи худро низ бо пахши якчанд тугма ба иҷро расонанд.
Ҳама чизе, ки ба Шумо лозим аст - дар як ҷо
Қисми навшудаи "Хизматрасониҳо" боз ҳам қулайтар шуд: хусусиятҳои асосӣ ва пешниҳодҳои шарикӣ ҳоло мустақиман дар экрани асосӣ дастрас мебошанд. Инчунин дастгирии диплинкҳо амалӣ карда шуд – яъне гузариш ба суроға якбори қисми зарурии замимаро кушода, ҳамин тавр вақти корбаронро сарфа менамояд.
Ҷустуҷӯи “бофаҳм” ва тавсияҳо
Қисми "Ҷустуҷӯ" комилан мавриди бозбинӣ қарор гирифт - он ба як воситаи универсалӣ барои паймоиш дар тамоми замима табдил ёфтааст. Тарҳ ва функсияҳои навшуда ба шумо имкон медиҳанд, ки зуд тарофаҳо, хизматрасониҳо ва амалиётҳои заруриро пайдо кунед.
Ғайр аз ин, дар блоки пардохт тавсияҳои фардӣ ҷойгир карда шудаанд. Онҳо ба корбар имкон медиҳанд, ки пардохтҳо ва интиқолҳои заруриро зудтар анҷом диҳанд.
Зудтар ва осонтар: хусусиятҳои нави интиқол
Акнун интиқоли маблағ танҳо бо як ҷунбондани смартфон имконпазир аст – функсияи имову ишора равандро фаврӣ мекунад.
Сатри қабулкунанда дар экрани пардохт аз нав тарҳрезӣ шуд: ҷустуҷӯ аз рӯи тамосҳо интиқолҳоро байни дӯстону наздикон содда мекунад.
Live Activities ва имкониятҳои нав
Дар қисмҳои "Дорухона" ва "Маҳсулот" Live Activities амалӣ карда шудааст: корбарон метавонанд интиқоли фармоишҳоро мустақиман дар экрани қулфи телефон пайгирӣ намоянд.
Хизматрасониҳои нав низ илова карда шудаанд: пардохти таваққуфгоҳ, ҷаримаҳо, инчунин имконияти пешниҳоди дархости пайвастшавӣ ба интернети хонагӣ мустақиман дар замима.
Дар замима инчунин як функсияи нави дигар пайдо шуд: акнун ҳангоми интиқол ба ҳамёнҳои электронӣ метавон танҳо қисми "Ба ҳамён"-ро кушода, QR-рамз ё рақами телефон (ҳамён)-ро, ки дар паҳлӯи он қайд шудааст, скан намуд. Замима ба таври автоматӣ маълумотро қабул карда, рақами ҳамёнро бе ворид кардани дастӣ мегузорад.
“Мо МегаФон Life-ро инкишоф медиҳем, то ки ҳар як функсия ба одамон дар сарфаи вақт ва нигоҳдории алоқа бо наздиконашон кӯмак кунад. Имрӯз замима - ёвари мукаммали рақамие мебошад, ки алоқа, молия ва хизматрасониҳои ҳаррӯзаро дар худ муттаҳид кардааст”, - қайд кард Илдар Салихов, директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
Бо МегаФон Life масофа аҳамият надорад - Шумо доимо метавонед дар Тоҷикистон канори наздиконатон бошед, овози онҳоро бишнавед, лаҳзаҳои муҳимро ба якдигар расонед ва ҳар куҷое набошед, дар алоқа бимонед.
Боргирӣ ё навкунии замимаи “МегаФон Life” бо суроғаи зерин имкопазир аст.
