Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Лоиҳаи «Кӯдакии бехавф»-и ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро мегирад
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Лоиҳаи «Кӯдакии бехавф»-и ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро мегирад

26 Декабря 2019

Дар мактабҳои шаҳри Душанбе силсилаи семинарҳо дар доираи лоиҳаи «Кӯдакии бехавф», бо ташаббуси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар машғулиятҳо омӯзгорон ва волидайн дар бораи таъмини бехатарии кӯдакон бо ёрии хизматрасониҳои муосири рақамӣ маълумот гирифтанд. Тӯли як моҳ дар семинарҳо зиёда аз 400 нафар иштирок доштанд. Қисми бештари онҳо дар бораи манфиати ин гуна вохӯриҳо қайд намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои мусбати худро дар бораи лоиҳаи оператор баён намуданд, ки бо ин роҳ сафи ҳавасмандон афзун гардид. Акнун ташкилкунандагон тасмим гирифтаанд, ки чунин семинарҳои омӯзиширо берун аз пойтахт дар ноҳияҳо низ баргузор намоянд.

 

«Хизматрасониҳои муосири рақамӣ барои ҳалли ҳамарӯзаи масъалаҳои гуногун, аз ҷумла чунин масоили муҳим, ба монанди ҳимояи кӯдакон дар ҷаҳони интернет ва ҷаҳони воқеӣ, кӯмак мерасонанд.    Вазифаи мо аз огоҳкунии волидайн оид ба чунин имкониятҳо, ба онҳо пешниҳод кардани доираи муайяни донишу маҳорат иборат буд. Чунин тарзи “ба якдигар” паҳн кардани маълумот – усули самараноктарин маҳсуб мешавад, зеро дар ин сурат хизматгузориҳои мобилиро шахсони аз манфиати он баҳраваршуда тавсия медиҳанд. Баъд аз гузаронидани семинарҳо аксар волидайн ба мо сипос баён карданд ва ҳамаи кӯшишҳои мо бо баҳои баланди омӯзгорону волидайн арзёбӣ гардиданд. Мо лоиҳаро дар ноҳияҳо идома медиҳем, то ин ки бештари сокинони кишвар аз имкониятҳои нави рақамӣ огоҳ шаванд», – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ш. Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛАТОВ.   

 

Дар марҳилаи аввали лоиҳа машғулиятҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8, 21, 32, 54 ва 56-и шаҳри Душанбе гузаронида шуданд. Кормандони МегаФон дар бораи тарофаҳои махсуси «Биё! Бехатарӣ» ва «Биё! Бехатарӣ +» маълумот доданд. Дар онҳо хизматрасонии ягонаи «Kaspersky Safe Kids» дастрас буда, он ба волидайн барои назорати самараноки ҳавасмандии хонандагон ба Интернет, махсусан гирифтани маълумот оид ба сомонаҳои аз тарафи кӯдак истифодашаванда ва муҳлати машғулшавии он дар Шабакаи ҷаҳонӣ кӯмак мерасонад. Ғайр аз ин, сухан дар бораи замимаи «МегаФон Life», «Ҳамён» рафт, ки барои пур кардани ҳисоби телефони кӯдак бо истифода аз маблағҳои ҳисоби абонентӣ имконият медиҳад.   Бештари иштирокчиён аллакай дар рафти ин замимаи қулайро ба телефонҳои худ пайваст карданд. Баъзеи онҳо имконияти як моҳ ройгон истифода бурдани тарофаи «Биё! Кӯдакии бехавф +»-ро бо барномаи назорати волидайни «Kaspersky Safe Kids» пайдо карда, барои иштироки фаъолонаашон соҳиби шаҳодатномаҳои туҳфавии МегаФон Тоҷикистон гардиданд

1.jpg

2.jpg

3.jpg

4.jpg

школа 21.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред