Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Иштирокчӣ аз Тоҷикистон дар шоу-барномаи «Central Asia’s Got talent» ғолиб баромад
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Иштирокчӣ аз Тоҷикистон дар шоу-барномаи «Central Asia’s Got talent» ғолиб баромад

25 Декабря 2019

Овозхон Чоршанбе АЛОВАТОВ ғолиби гранд-финали шоу-барномаи телевизионии «Central Asia’s Got talent», ки бо дастгирии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» гузаронида шуд, эълон гардид. Чоршанбе ҷоизаи асосӣ - 10 миллион тенгеи қазоқӣ ё 260 ҳазор сомонӣ ба даст овард. Ғайр аз ин, иштирокчии беҳтарин аз ҳар кишвар муайян карда шуда, чунин унвони фахрӣ ва туҳфаи пулӣ дар ҳаҷми 60 ҳазор сомонӣ (3 млн. тенге) насиби дастаи рақсии «Падида» гардид.     

 

Дар даври суперфинали байналмилалӣ, ки 22 декабр дар пойтахти Қазоқистон шуда гузашт, истеъдодмандон аз чор кишвар - Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат доштанд. Ба ғайр аз ғолиб аз ҳар кишвар, мардум гирандаи ҷоизаи асосиро интихоб намуд. Ҷоизаро Чоршанбе Аловатов ба даст овард ва номи ӯ дар таърихи шоу-барномаи «Got Talent», ки бори нахуст дар Осиёи Марказӣ соли 2019 баргузор гардид, боқӣ мемонад.          

 

«Мехостам миннатдории бепоёни худро ба ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои дастгирии чунин лоиҳаи бузург баён намоям. “Ба хотири садоқат ва муҳаббат эҷод намо” – гуфтам ман дар даври ниҳоӣ ва ин суханони ман воқеан ҳам ба Чоршанбе Аловатов, ки наздики 70 миллион тамошобинони Осиёи Марказӣ барояш овоз доданд, арзанда мебошанд. Мо аз ғолибияти ӯ фахр дорем ва овозаш дар ҳақиқат ҳам ғайриоддист!» – мегӯяд аъзои ҳакамон, ҳунарпешаи театр ва кино Аловуддин АБДУЛЛОЕВ.

 

«Чоршанбе ба мукофот сазовор аст. Ӯ бо як ҷозибаи хос месарояд! Дастаи «Падида» низ рақсҳои гуногунро бениҳоят зебо иҷро намудааст! Онҳо беназиранд. Ман мехостам ба ҳунармандон муваффақияту бурдбориҳо таманно намоям! – иброз намуд аъзои ҳакамони шоу-барнома, сароянда ва продюсер Зафар АБДУАЛИМОВ.  

 

Шарики генералии «Central Asia’s Got talent» - МегаФон Тоҷикистон ҳамаҷониба иштирокчиёнро аз кишвари мо дастгирӣ намуд. Даҳҳо ҳазор тамошобинон SMS ирсол намуда, барои иштирокчиёни писандидаи худ овоз доданд. Барои муштариёни МегаФон чунин паёмакҳо, нисбат ба мизоҷони дигар шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, ду маротиба арзонтар пешниҳод гардиданд. Бо роҳи овоздиҳии умумӣ ҳайати ҳакамон се финалистро муайян кард. Натиҷаҳои гранд-финал нишон доданд, интихоби тамошобинон комилан дуруст будааст ва бегоҳи рӯзи якшанбе ҳамагон шоҳиди ғолибияти иштирокчӣ аз Тоҷикистон шуданд.          

 

«Пеш аз сафар ба шаҳри Нур-Султон ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба ман рақами “қиматбаҳо” тақдим намуд. Ин туҳфа барои ман хеле пурарзиш буд ва ниҳоят дар суперфинал пирӯзӣ насиби ман гашт. Ба шарики генералӣ миннатдории худро баён мекунам! Маҳз бо кӯмаки оператор ман дастгирии тамоми тоҷикистониёнро эҳсос намудам ва ғолиб баромадам. Финали ин шоу-барнома дар ҳаёти ман лаҳзаи хотирмон хоҳад шуд! !» – гуфт баъд аз баромади худ Чоршанбе АЛОВАТОВ.   

 

«Кормандони Ширкати мо якҷоя бо тамоми мардуми Тоҷикистон ин шоу-барномаро тамошо карда, барои иштирокчиёни писандидаи худ мухлисӣ мекарданд. Дар ниҳоят аз ғолибияти сарояндаи тоҷик хеле хушҳол гаштем. Аз самими қалб ба Чоршанбе ва дигар финалистон комёбиҳоро таманно дорам. Бигузор «Got talent» зинаи аввалин барои фатҳи қуллаҳои нав бошад!» – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Чорш виннер.png

 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред