Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Иқдоми «МегаФон 4G Wi-Fi-роутер»

25 Декабря 2019

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» фурӯши Wi-Fi-роутерҳоро бо дастрасии технологияи 4G ва бастаи интернетии дорои трафики бемаҳдуд оғоз менамояд. Иқдоми «МегаФон 4G Wi-Fi-роутер» аз 25 декабр шурӯъ гардида, барои дастрасии тамоми оила ё коллективи ташкилоти начандон калон ба Шабакаи умумиҷаҳонӣ имконият медиҳад.  

 

Дар доираи иқдом муштариёни оператор метавонанд ду намуди 4G-роутерҳо: кисагии MF833 бо нархи 599 сомонӣ ва статсионарии B950-ро бо нархи 799 сом. харидорӣ намоянд.   Ҳар дуи навъҳо дар ҳамаи шабакаҳои амалкунандаи алоқа (2G, 3G, 4G) танҳо бо SIM-кортҳои «МегаФон Тоҷикистон» фаъолият мекунанд. SIM-кортҳои ба тарофаи махсуси «МегаФон 4G Роутер» пайвастшуда низ ба баста дохил мешаванд.     Роутерҳо барои «тақсимоти» трафики бемаҳдуди баландсуръат ба смартфонҳо ва планшетҳо дар хона ё дар идора пешбинӣ шудаанд.

 

Ҳамчун туҳфа ба ҳар ду Роутерҳо бастаи интернетии бемаҳдуди«Unlim 20» тақдим карда мешавад. Бастаи трафики бемаҳдуд дар давоми 30 шабонарӯз амал карда, баъд аз он ба моҳи оянда бо арзиши 230 сомонӣ тамдид карда мешавад. Дар натиҷа, дорандаи 4G Wi-Fi-роутер ба дилхоҳ бастаи интернетии дигари амалкунанда аз нав пайваст шуда метавонад.    Роутерҳо дар идораҳои хизматрасонии ширкати МегаФон Тоҷикистон дастрас мебошанд.

 

«4G Wi-Fi-роутерҳо – роҳи беҳтарини бо Интернети баландсуръат таъмин намудани наздикон ва ҳамкасбони худ ба ҳисоб меравад. Ба ғайр аз ин, бастаҳои мо барои воридшавӣ ба Шабака бидуни симҳо ва қариб дар ҳама ҷой имконият медиҳанд. Воситаҳои мазкур якбора барои якчанд истифодабарандагон муфид ва қулай ҳастанд!» – иброз дошт Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

 4g__MODEM____ (2).jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред