Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Дар “Академияи МегаФон” бори нахуст семинарҳои SputnikPro барои журналистони тоҷик доир гардиданд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Дар “Академияи МегаФон” бори нахуст семинарҳои SputnikPro барои журналистони тоҷик доир гардиданд

12 Февраля 2020

Дар “Академияи МегаФон” бори нахустин дар кишвар силсилаи семинарҳои ройгони SputnikPro баргузор карда шуд. Дар давоми ду рӯз кормандони ВАО-и шаҳри Душанбе бо коршиносон масъалаҳои мубрами касбиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба иштирокчиён на танҳо ҳуҷраи “Академия”-и худ, балки инчунин дастрасии босуръати Wi-Fi-ро ба интернет пешниҳод намуд.


Ҳаррӯза дар семинарҳо ва дарсҳои омӯзишии SputnikPro зиёда аз 40 журналистони воситаҳои пешбари ахбори оммаи ҷумҳурӣ иштирок менамуданд. Медиа-менеҷерони маъруфи рус ва коршиносони агентии байналмилалии иттилоотии Sputnik ба ҳамкасбони тоҷики худ оид ба сиру асрори веб-дизайн ва фоторепортаж (гузориши аксдор), хусусиятҳои журналистикаи варзишӣ ва ташкили лонгридҳо маълумот расониданд. Баромади муовини сармуҳаррири АИМ “Россия сегодня” Наталья Лосева яке аз беҳтаринҳо буд – мавсуф дар бораи трендҳои аз ҳама мубрами журналистикаи ҷаҳонӣ маълумот расонида, вобаста ба он, ки кадоме аз навовариҳои соҳаи журналистика бояд дар Тоҷикистон аллакай ҷорӣ карда шаванд, тавсияҳои дахлдор дод.


Дарсҳо дар доираи SputnikPro бо дастгирии сафорати ФР дар Тоҷикистон доир гардиданд. “Ба ақидаи ман, муоширати журналистони ду кишвар – мисоли беҳтарини “дипломатияи мардумӣ”-е маҳсуб меёбад, ки дар наздикшавии Россия в Тоҷикистон мусоидат менамояд. Табодули таҷриба ва донишҳо барои ҳарду ҷониб муфид буд ва, бешубҳа, ба баландшавии сатҳи касбии ВАО-и муосир мусоидат хоҳад кард”, - изҳор дошт сафири мухтор ва фавқуллодаи Россия дар Тоҷикистон Игорь ЛЯКИН-ФРОЛОВ.


МегаФон Тоҷикистон фаъолияти SputnikPro-ро аз ҷумла аз ҷиҳати дастрасии озод ба шабакаи ҷаҳонии иттилоотӣ дастгирӣ намуд. Дар соли 2019 интернети мобилии оператор аз ҳама босуръаттарин дар ҷумҳурӣ эътироф карда шуд*. Суръати баланди интернет ба иштирокчиёни дарсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо имкон дод, ки дарҳол бе ягон мушкилӣ дар Шабака тамоми маълумоти зарурӣ – ё саҳифаҳои дӯстони нави дар “Академияи МегаФон” пайдокардаашонро дарёфт намоянд”.


“Мушоҳида кардани ҳамфикрӣ ва якдигарфаҳмии журналистони русу тоҷик ва инчунин омодагии онҳо ҷиҳати ба ҳамдигар расонидани ҳама гуна сиру асрор ва донишҳои касбӣ хеле писанд буд. Бо ин метавон хулоса кард, ки моро на танҳо технологияҳои пешрафтаи рақамӣ муттаҳид мекунанд. Бар он назарам, ки таҷрибаи нахустини гузаронидани чорабиниҳои SputnikPro дар Душанбе хеле натиҷабахш буд. Аз дастгирии минбаъдаи ин лоиҳа низ хушҳол хоҳем шуд!” – мегӯяд директор оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Валентина БУТНИК.


*Мувофиқи маълумоти тадқиқоти мустақили ширкати Ookla, таҳиякунандаи замимаи SpeedTest, аз рӯйи семоҳаи 2-3 соли 2019.

AIS_1885.jpg

AIS_2044.jpg

AIS_2266.jpg

AIS_2273.jpg

IMG_0618.jpg

AIS_2347.jpg

IMG_0701.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред