Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Чӣ тавр “рақам” дар инкишофи тиҷорат дар Суғд кӯмак мекунад

26 Мая 2023

Зиёда аз 1 000 такшилотҳои вилояти Суғд мизоҷони корпоративии оператори имкониятҳои нави рақамӣ гардиданд. Барои чӣ заводҳо, корхонаҳои истихроҷи маъдан, бонкҳо, такси, ширкатҳои тиҷоратӣ ширкати МегаФонро интихоб менамоянд, кадом вазифаҳоро бо ёрии хизматрасониҳои ширкат ҳал мекунанд.

Нигоҳ доштани мизоҷ

Замоне хизматрасониҳои асосии операторони мобилӣ аз алоқаи овозӣ иборат буданд, пайвасткунии интернети ноқилӣ танҳо аз ҳисоби провайдерҳои дигар имконпазир буд. Тарзи амали начандон қулай: зарур меомад, ки шартномаҳо бо шахсони гуногуни ҳуқуқӣ баста шуда, ҳангоми ба миён омадани саволҳо нисбати сифати хизматрасониҳо лозим буд, ки бо телефонҳои мухталиф тамос гирифта шавад. Айни замон ҳамаи хизматрасониҳо “дар равзанаи ягона” ҳастанд. 

“Инноватсияи Ояндасоз”, ки дар шаҳри Хуҷанд хизматрасонии фармоиши таксии “Максим”-ро пешниҳод менамояд, алоқаи овозӣ ва рақами кӯтоҳро аз МегаФон истифода мебарад. Маркази тамос, кормандони идора ва инчунин ронандагон интернети операторро ба кор мебаранд. Телеком-хизматрасониҳои босифат имкон медиҳанд, ки алоқа бо фармоишгарони такси “дар ҳамаи шабакаҳо” ва ҳамаи мизоҷон нигоҳ дошта шаванд.

“Дар тиҷорати мо интернети хуб ва алоқаи овозӣ ҳатмӣ мебошанд. Мо дар ҷустуҷӯи операторе будем, ки метавонист доираи пурраи хизматрасониҳои баландсифатро пешниҳод карда тавонад. Ниҳоят қарор додем, ки ширкати “МегаФон Тоҷикистон”-ро интихоб намоем. Аллакай як сол мо бо ҳам ҳастем”, - мегӯяд роҳбари маркази тамоси “Инноватсияи Ояндасоз” Ҷаҳонгир ОРИФҶОНОВ. 

Муттаҳидсозии ҳамаи филиалҳо

Интернети боэътимоди босуръат – воситаи ниёзи аввал барои тиҷорат мебошад. Лекин на ҳамеша дар ноҳияҳои Суғд пайдо кардани провайдере, ки ба ҳамаи талаботи тиҷорат ҷавобгӯ буда, дорои фарогирии васеи шабака бошад, осон нест.

МегаФон Тоҷикистон метавонад кабелро дар ҷойҳое гузаронад, ки дигар провайдерҳо умуман кор намекунанд. Ҳамин тариқ, мизоҷон ба интернет дастрасӣ пайдо намуда, филиалҳо ва майдонҳои дурдасти истеҳсолиро ба шабакаи корпоративӣ дохил мекунанд. Масалан, ҶСП Бонки “Арванд” тавонист бо ёрии оператор филиалҳои худро дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд, ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Панҷакент ва Спитамени вилояти Суғд муттаҳид созад. Устувории кори инфрасохтори аз ҷониби мутахассисони МегаФон ташкилшуда дар сатҳи 99,7% арзёбӣ мешавад.

Таҳсил дар шабака

Дастрасӣ ба интернет на танҳо ба соҳибкорон зарур аст. Барои донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои олӣ ин манбаи донишу маълумот ва маълумот оид ба дастовардҳои ҳамкорони хориҷӣ ба ҳисоб меравад. Муассисаҳои таълимии вилояти Суғд низ сифати интернети “МегаФон Тоҷикистон”-ро баланд арзёбӣ мекунанд. Дар қатори мизоҷони корпоративии оператор – Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати дар шаҳри Хуҷанд ҷойгирбуда.

“Моҳи феврали соли гузашта мо интернети собити баландсуръатро пайваст карда, акнун интернетро дар кору таълим истифода мебарем. Лекин дӯстӣ бо МегаФон бо ин маҳдуд нашуд. Дар фасли баҳор мо меморандуми ҳамкориро имзо намудем. Донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки технологияҳои навини рақамиро дар заминаи озмоишгоҳҳои инноватсионӣ мавриди омӯзиш қарор дода, дар идораи яке аз операторони пешбари мобилии кишвар аз коромӯзӣ гузаранд”, - мегӯяд сармутахассиси бахши технологияи иттилоотӣ ва рушди инноватсионии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон Маҳкамҷон ҲАСАНОВ.

Идоракунии дурдасти таҷҳизот

Оё метавон дар дилхоҳ лаҳза дар бораи макони феълии автомобили хизматӣ ё нишондиҳандаҳои дастгоҳу ҳисобкунакҳое, ки километрҳои зиёд дуртар аз идора ҷойгир мебошанд, маълумот пайдо кард. Бале, метавон. М2М-имкониятҳои замонавӣ имкон медиҳанд, ки назорат аз болои ҳама гуна дастгоҳҳои дорои SIM-кортҳо ба роҳ монда шавад. Дар ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСК “Алиф Бонк” кормандони масъул метавонанд ба тариқи онлайн терминалу дастгоҳҳои хазинавиро таҳти назорати худ қарор дода, оид ба бақияи маблағҳои нақд дар банкоматҳо ё вайрониҳои эҳтимолӣ дар фаъолияти таҷҳизот маълумот пайдо кунанд.

Сим-кортҳои МегаФон дорои эътимодияти баланд буда, ҳатто ҳангоми ҳароратҳои ғайриоддӣ фаъолият мекунанд, ин барои корхонаҳои саноатӣ хеле муҳим аст. Аллакай зарур нест, ки шахсан ба нуқтаҳои махсус рафта, ҳисобкунанҳои Хадамоти манзилӣ-коммуналиро бисанҷед ё ба маконҳои истеҳсолоти хатарнок ҳозир шавед. 

Дастраскунии хизматрасонӣ 24/7

Дилхоҳ хизматрасонӣ назорати доимиро аз ҷониби оператор пешбинӣ мекунад. Ҳар мизоҷи корпоративӣ 24/7 мавриди хизматрасонӣ қарор дошта, дар дилхоҳ вақт метавонад ба менеҷери шахсӣ муроҷиат намояд.

“Ҳангоми зарурат мо барои ширкатҳои суғдӣ имкониятҳои нодири техникиро пайдо менамоем. Масалан, дар ҳудуди заводҳои “Зарнисор”, “Зарафшон” ва “ТВЕА” мо барои мизоҷон пойгоҳҳои базавиро насб намудем. Сифати хизматрасониҳо ва сервис, имконияти дастраскунии хизматрасониҳои зарурии рақамӣ дар ҳама ҷо, ҳатто дур аз шаҳрҳои бузург – ин аст дастоварде, ки ба шарофати он мизоҷон моро интихоб менамоянд!” – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Раҳматҷон РАҲМАТОВ.

Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасониҳо барои тиҷорат метавон дар сомонаи  оператор пайдо намуд. 

1.jpg
© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред