Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Ҳар муштарии дуюми ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон рақамист
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Ҳар муштарии дуюми ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон рақамист

28 Января 2020

Ҳар муштарии дуюми ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар Хатлон силсилаи тарофаҳои “Биё”-ро, ки барои истифодабарандагони фаъоли интернет – ба ном мизоҷони рақамӣ нигаронида шудааст, интихоб менамояд. Сабабҳои асосии маъруфияти ин тарофаҳо – мавҷудияти бастаҳои мухталиф “аз рӯйи шавқу завқ” ва имкониятҳои васеи интернетии истифодабарандагон маҳсуб меёбанд.

Хусусиятҳои тарофаҳои силсилаи номбурда, ки бори нахуст бо ин шакл дар ҳудуди Тоҷикистон ташкил карда шудаанд, ҳатто дар номи бастаҳо инъикос гардидаанд. Ҳамин тариқ, “Гап зан” барои дӯстдорони алоқаи овозӣ, “Бубин” – барои дӯстдорони онлайн-наворҳои видеоӣ, “Бишнав” бошад – барои дӯстдорони мусиқии мобилӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар баробари ин, қариб ҳамаи тарофаҳоро мавҷудияти ҳаҷми бузурги трафики интернет дар онҳо (то 20 Гб дар як моҳ), паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоии ройгон муттаҳид мекунанд. Барои ҳамин, маҳз истифодабарандагони интернет бештар тарофаҳои силсилаи “Биё”-ро интихоб мекунанд.

“Аз рӯйи далеле, ки аллакай ҳар муштарии дуюми минтақаи мо ба силсилаи тарофаҳои “Биё” пайваст шудааст, метавон хулоса баровард, ки интернет ба зарурати маъмулӣ табдил ёфтааст. Ба воситаи интернети босуръат метавон таълим гирифт, дилхушӣ намуд, ё ба таври оперативӣмасъалаҳои кориро ҳал кард – масалан тавассути почта файлҳоро аз дилхоҳ маконе, ки соҳиби смартфон қарор дорад, ирсол намуд. Лекин аз ҳама муҳим он аст, ки муштарӣ худ муайян менамояд, ки маҳз кадом телеком-хизматрасониҳо ба ӯ лозиманд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.

Тавре дар ширкат қайд мекунанд, маъруфияти тарофаҳои “Биё” бевосита бо рушди инфрасохтор ва суръатҳои интернети ба муштариён дастрас вобаста мебошад. Дар бисёр ноҳияҳои Хатлон МегаФон Тоҷикистон шабакаи 4G-ро ба кор даровард, ки он имкони таҳвили маълумотро бо суръатҳои аз ҳама баланд дар ҷумҳурӣ фароҳам меорад. Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти мустақили ширкати Ookla*, истеҳсолкунандаи замимаи номдори “SpeedTest”, маҳз МегаФон ба муштариёни худро бо суръатҳои баландтарин дар Тоҷикистон таъмин менамояд. Васеъшавии шабакаи насли чорум имкон медиҳад, ки бастаҳои силсилаи “Биё” пурра ва босамар истифода карда шавад: дар тарофаи мазкур тамошои видео, гӯшкунии мусиқӣ дар интернет, хондани китобҳо ба тариқи онлайн ва табодули паёмакҳо дар паёмрасонҳо дастрас мебошанд.

ВКЛЮЧАЙСЯ____ТАРИФЫ___НОВОГО___ПОКОЛЕНИЯ_____.jpg

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред