Браузери шумо аз санаи анҷомёбӣ аст
Шумо браузери пештараро истифода мебаред, ки стандартҳои веб-стандартиро дастгирӣ намекунад ва ба амнияти шумо таҳдид мекунад.
Лутфан, браузери замонавӣ насб кунед:
Ваш номер телефона:   Подробнее
Ба мизоҷони хусусӣ
  • Дастгирӣ
  • Ахборот
  • Акнун дорандагони кортҳои «Корти Миллӣ» маблағи нақдро дар толорҳои «МегаФон Тоҷикистон» дастрас карда метавонанд
  • Хизматрасонии муштариён
  • Танзими Интернет
  • Ахборот
  • Харитаи фарогирӣ
  • Толорҳои алоқа
  • Санҷиши IMEI

Акнун дорандагони кортҳои «Корти Миллӣ» маблағи нақдро дар толорҳои «МегаФон Тоҷикистон» дастрас карда метавонанд

2 Марта 2021

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва ТАҚХ «Хумо» лоиҳаи муштаракро, ки имкониятҳои дорандагони кортҳои “Корти Миллӣ”-ро васеъ мегардонад, роҳандозӣ менамоянд.  Минбаъд гирифтани маблағи нақд аз корт дар толорҳои оператор бо пешниҳоди шиноснома имконпазир мегардад.  Аввалан чунин хизматрасонӣ ба дорандагони кортҳо дар маркази хизматрасонии МегаФон, воқеъ дар ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 89, пешниҳод карда мешавад. Дар ҳоли имрӯз ин ягона пешниҳоди самти мазкур дар бозори хизматрасониҳои телекоммуникатсионии кишвар маҳсуб меёбад.

«Мо мунтазам доираи хизматрасониҳоеро, ки ба сокинони кишвар барои идораи қулайи воситаҳои молиявии худ имкон медиҳанд, васеъ менамоем. Ба ғайр аз чунин онлайн-хизматрасониҳо, ба монанди «Ҳамён» дар замимаи мобилии «МегаФон Life», хизматрасониҳои оффлайн низ пайдо шуда истодаанд. Ба шарофати ҳамкориҳо бо ТАҚХ «Хумо», мо акнун толорҳои хусусиамонро ҳамчун макон барои аз корт гирифтани маблағи нақд пешниҳод карда метавонем. Минбаъд лоиҳа на танҳо  дар шаҳри Душанбе, балки дар тамоми шабакаи фурӯшу хизматрасонии мо амалӣ карда мешавад», – иброз намуд Директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Дар маркази хизматрасонии воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 89 шаҳри Душанбе ин хизматрасонӣ аз 14 декабри соли 2020 дастрас аст. Дорандагони кортҳои «Корти Миллӣ» дар ин ҷо шиносномаашонро пешниҳод карда, маблағи нақдро гирифта  метавонанд. Баъд аз бомуваффақият гузаштани тартиби мушаххаскунӣ, мизоҷ PIN-рамзи корти худро ба  POS-терминал ворид менамояд ва баъдан маблағ аз корт гирифта мешавад. Корманди толор маблағи дархостшавандаатонро  ба таври нақдӣ дастрас  менамояд. Дар бозори телекоммуникатсияи Тоҷикистон ин аввалин мисоли татбиқи чунин лоиҳа ба манфиати соҳибони кортҳои бонкӣ маҳсуб меёбад. 

© 2018 © ЗАО «ТТ мобайл» (МегаФон Тоҷикистон) megafon.tj

Салом.

Оё кӯмак лозим аст?

Ё бо роҳи қулай бо мо тамос гиред