МегаФон Таджикистан

Тарофаи мобилии “Хатлон 100”: се моҳи аввал – бо тахфиф

  • Ширкат
  • Хизматрасониҳо
29 просмотров
Время чтения: 12 мин
Тарофаи мобилии “Хатлон 100”: се моҳи аввал – бо тахфиф

Тарофаҳои махсуси минтақавиро бо ҳаҷмҳои бузурги трафики интернет МегаФон Тоҷикистон дар арафаи 25-солагии худ барои минтақаҳои Хатлон ва Суғд, ки дар он ҷо корбарони фаъолтарини хизматрасониҳои интернети мобилӣ зиндагӣ мекунанд, ҷорӣ намуд. Параметрҳои асосӣ дар номҳои бастаҳо инъикос ёфтаанд. Масалан, тарофаи “Хатлон 100” 100 Гб трафики интернет, 100 SMS, 100 дақиқаи даъватҳои овозӣ ба дигар шабакаҳо ва рақамҳои шаҳрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин зангҳои бемаҳдуд ба дигар муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, интернети бемаҳдуд аз соати 00:00 то 06:59 бе маҳдудияти суръату трафик, дастрасӣ ба онлайн-кинотеатри премиуми IVI ва телевизиони рақамии “Оила ТВ”-ро дар бар мегирад. Нархи тарофа – 100 сомонӣ.

Аз 12 августи соли 2026, дар арафаи 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-солагии ширкат “МегаФон Тоҷикистон” ба муштариёни нав шартҳои махсусро ҳангоми пайвасткунии тарофаи “Хатлон 100” пешниҳод менамояд. Дар давоми се моҳи аввал аз лаҳзаи пайвасткунии тарофа пардохти абонентӣ бо назардошти 30% тахфиф гирифта мешавад. Ҳудуди амали тарофа бетағйир мемонад – вилояти Хатлон.

“Хатлон 100”-ро пайваст намуда, дар давоми се моҳ алоқаи боэътимодро бо 30% тахфиф истифода баред!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2