МегаФон Таджикистан

Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо

  • Ширкат
2 просмотра
Время чтения: 1 мин
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо

Барои ҳар яки мо муҳим аст, ки алоқаи мобилӣ ба талаботу эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи мо ҷавобгӯ бошад: барои муошират бо наздикону пайвандон, таҳсил, кору фаъолият ё барои ба таври ҷолиб гузаронидани вақти холӣ дар интернет кӯмак расонад. Тарофаи “Биё! Бисоз 2.0” аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” имкон медиҳад, ки бастаҳои хизматрасониҳоро мувофиқи талаботи худ ба таври муносиб фаъол намуда, танҳо он чизеро, ки муштарӣ воқеан истифода мебарад, пардохт кунад.

 

Тарофаро худамон “танзим” менамоем

Бартарии асосии тарофа - имконияти мустақилона танзим намудани таркиби бастаи хизматрасониҳо мебошад. Муштариён ҳаҷми лозимии трафики интернет, миқдори дақиқаҳо ва SMS-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда, арзиш бошад ба таври автоматӣ аз рӯи параметрҳои муайяншуда танзим карда мешавад. Вариантҳо бениҳоят зиёданд: ба истифодабарандагони тарофаи “Биё! Бисоз 2.0” зиёда аз 22 ҳазор имконият дастрас аст. Бевосита ба дилхоҳ дархост.

 

Барои корбарони ҷавони интернет ва ронандагони таксиҳо

Барои корбарони фаъоли интернет, ки алоқаро барои таҳсил ва муошират, ё кор дар роҳ истифода мебаранд, нархи дастрас, ҳаҷми кофии трафики интернет ва алоқаи устувор муҳиманд. Дар тарофаи “Биё! Бисоз 2.0” тавозуни муносибро байни мегабайтҳо ва дақиқаҳо, бидуни пардохти маблағи опсияҳои зиёдатӣ интихоб кардан мумкин аст. Масалан, ба баста бо арзиши 81,50 сомонӣ 26 Гб интернет, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 50 дақиқа ба дигар шабакаҳо дар ҶТ, интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00:00 то 06:59 дохил мешаванд. Инчунин, дастрасии ройгон ба “Oila TV” ва Иви мавҷуд аст, ки барои тамошои филм дар вақти холӣ имкон медиҳад.

 

Барои соҳибон ва фурӯшандагони мағозаҳо

Соҳибкорон имконияти ҳамеша дар тамос будан бо мизоҷон ва таҳвилгаронро қадр мекунанд. Тарофа аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои интихоби бастаи васеи дақиқаҳо дар ҶТ, инчунин пардохти маблағи алоқа якчанд моҳ пештар, сабти хароҷот ва нигарон набудан аз пуркунии мунтазами тавозун имкон медиҳад. Ба баста бо нархи 102,50 сомонӣ 40 Гб интернет, зангҳои бемаҳдуд дар дохили шабака, 50 дакиқа ба дигар шабакаҳо дар ҶТ, интернети бемаҳдуди шабона аз соати 00:00 то 06:59 ва дастрасии бемаҳдуд ба “Oila TV” ва Иви дохил мешаванд. Қобили зикр аст, ки муштариёне, ки ин намуди тарофаро интихоб мекунанд, +100% трафики интернетро ҳамчун туҳфа барои 12 моҳ ба даст меоранд. Яъне тамоми сол аз ҳаҷми дучанд кардашудаи трафик истифода бурдан мумкин аст – барои дилхоҳ тиҷорат муфид аст.

Маълум месозем, ҳар касе, ки тарофаи “Биё! Бисоз 2.0”-ро бо нархи аз 100 сомонӣ ва зиёдтар – ҳам муштариёни амалкунанда ва ҳам муштариёни нави оператор интихоб мекунанд, метавонанд +100% трафики интернетро ба даст оранд. Танҳо пайваст кардани баста бо нархи дахлдор ё гузаштан ба он аз тарофаи архивӣ кофӣ буда, ҳаҷми интернет ҳар моҳ давоми сол дучанд карда мешавад. Ҳамааш осон аст: 50 Гб-ро интихоб кардед – боз 50 Гб-ро ҳамчун туҳфа ба даст меоред (ҳамагӣ 100 Гб). 100 Гб-ро интихоб кардед – бо бонус 200 Гб доред. Муҳимаш – тарофаро иваз накунед ва ба бастаҳо бо нархи аз 100 сомонӣ камтар нагузаред.

Барои барномасозон ва корбарони фаъоли интернет

Барои онҳое, ки ба таври онлайн бисёр кор мекунанд, бастаҳо бо ҳаҷми зиёдкардашудаи интернет дастрасанд. Конфигуратсияи максималии тарофа бо арзиши 205,50 сомонӣ 75 Гб трафики интернет, 300 дақиқа барои зангҳо дар ҶТ, белимит дар дохили шабака ва 100 SMS-ро дар бар мегирад. Муштариёне, ки чунин намуди тарофаро интихоб кардаанд, ҳар моҳ боз 75 Гб трафики интернетро ҳамчун туҳфа барои тамоми сол ба даст меоранд.

Намунаҳои зикршуда - танҳо чанд мисоли конфигуратсияҳои имконпазири тарофа мебошанд. Ҳар як муштарӣ метавонад, мустақилона бастаи муносибро мувофиқи талаботу эҳтиёҷоти худ танзим намояд.

 

Тарофаро чӣ гуна танзим кардан мумкин аст

Намунаи муносиби тарофаи “Биё! Бисоз 2.0”-ро дар замимаи мобилии “МегаФон Life” бо ёрии калкулятори қулай мустақилона таҳия намудан мумкин аст. Инчунин муштариён метавонанд ба идораҳои хизматрасонӣ ё онлайн-мушовирони ширкат муроҷиат намоянд. “Биё! Бисоз 2.0” – барои онҳое, ки алоқаро мувофиқи табъу завқ ва имкониятҳои худ интихоб менамоянд.

Маълумоти муфассал дар бораи тарофа – дар сомонаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2