МегаФон Тоҷикистон ба ғолибони интернет-олимпиада, ки дар доираи “Ҳафтаи дарҳои кушода”-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) доир гардид, рақамҳои нодир пешниҳод намуд. Рақамҳои тиллоӣ як рамзи комёбии беҳтарин хатмкунандагони мактабҳои Суғд шуданд.
Мақсади асосии интернет-олимпиада – ҳавасманд кардани ҷавонон ба азхудкунии касбҳои дар олами муосир серталаб ба шумор меравад. Иштирокчиён бо иҷрои вазифаҳои Маркази миллии Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба донишгоҳ донишҳои худро мавриди озмоиш қарор доданд.
МегаФон Тоҷикистон на танҳо туҳфаҳоро ба ғолибони чунин мусобиқаҳо пешниҳод менамояд. Аллакай якчанд сол мешавад, ки ширкат ба донишҷӯёни ДДҲБСТ дар таҳкими назария бо таҷриба муосидат менамояд. Дар озмоишгоҳи инноватсионии оператор мутахассисони ҷавон самтҳои мубрам – аз IT ва барномасозӣ то телекоммуникатсияҳо ва веб-дизайнро аз худ менамоянд. Донишҷӯёне, ки дар МегаФон аз коромӯзӣ мегузаранд, имконияти беназир пайдо мекунанд, ки технологияҳои пешрафтаро мавриди омӯзиш қарор дода, дар оянда дуртар як қисми ширкати пешрафтаи телекоммуникатсионӣ шаванд.
МегаФон Тоҷикистон бо дигар донишгоҳҳои минтақа низ ҳамкорӣ карда, ба ҷавонони минтақа доир ба инноватсияҳои рақамӣ маълумот мерасонад. Донишҷӯён ба машғулиятҳои омӯзишӣ ҳозир шуда, дар экскурсияҳои ҷолиби ширкат иштирок менамоянд ва доир ба тарзу роҳҳои ба миён омадани телеком-имкониятҳои пешрафта, ки оламро тағйир медиҳанд, тасаввурот пайдо мекунанд.
“Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо – саҳми стратегӣ дар ташкили захираи кадрӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Бо зоҳир кардани ғамхорӣ нисбати рушди ҷавонони боистеъдод, бо кушодани имкониятҳои васеи касбу кор барои онҳо мо ояндаи соҳаро фикр мекунем. Мутмаин ҳастам, ки ғолибони интернет-олимпиада нисбати касбҳои ба иқтисодиёти рақамӣ зарурӣ мароқи ҷиддӣ зоҳир намуда, ба шарофати рақамҳои тиллоӣ пешниҳодҳои беҳтарин корфармоёни кишварро қабул хоҳанд кард”, - мегӯяд Раҳматҷон Раҳматов, директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд.