МегаФон Таджикистан

Рамзи IMEI-и дастгоҳи мобилии худро санҷед!

67 просмотров
Время чтения: 8 мин
Рамзи IMEI-и дастгоҳи мобилии худро санҷед!

Рамзи IMEI-и дастгоҳи мобилии худро санҷед!

Муштариёни муҳтарам! Айни замон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 (№ 208) рамзҳои IMEI ба қайд гирифта мешаванд.

Дар робита ба ин, шумо бояд ҳолати дастгоҳи мобилии худро дар як махзани ягонаи миллӣ, бо рақамчинии дархости *3366# дар дастгоҳи худ ё воридшавӣ  ба сомонаи www.imei.tj. [ http://www.imei.tj/ ] санҷед. Бақайдгирии минбаъда ба таври автоматӣ сурат мегирад, ба соҳибони дастгоҳҳо ягон амали дигар анҷом додан лозим нест. Агар рамзи IMEI-и дастгоҳи мобилӣ ба система ворид нагардида бошад, хизматрасониҳои операторони мобилӣ метавонанд қатъ карда шаванд.

IMEI (international mobile equipment identifier,   идентификатори байналмилалии таҷҳизоти мобилӣ) -  рақами силсилавии иборат аз 15 адад.  Он дар дастгоҳи мобилӣ,  талони  кафолатӣ, дар стикери зери батареяи баъзе дастгоҳҳо, дар қуттии телефон ё ягон дастгоҳи дигаре, ки бо SIM-корт кор мекунад, нишон дода шудааст. Рамзҳои IMEI дар ҳамаи дастгоҳҳои электроние, ки бо SIM- кортҳо кор мекунанд, дастрасанд. 

Савол: - IMEI чи аст?

Чавоб: - Ихтисораи IMEI барои Identifier International Equipment Mobile, ки маънои "муайянкунандаи байналмилалии дастгоҳҳои мобили" аст.

Ин рақами силсилавиест, ки аз 15 адад иборат буда, дар дастгоҳ, дар корти кафолати, дар зери батареяи баъзе дастгоҳҳо, дар қуттии телефон ва дигар дастгоҳ, ки бо SIM-корт истифода мешавад, нишон дода шудааст.

Савол: - Вобаста ба воридоти IMEI чиро бояд донист?

Чавоб: - Барои фаҳмидани рамзи IMEI-и дастгоҳи худ, Шумо бояд рамзи: *#06# - ро рақамчини кунед. Ин рамз барои телефонҳо аст ва дар ин ҳолат муҳим нест, ки Шумо кадом оператори мобилиро истифода мебаред. Он як рамз ва ё ҳама рамзҳои IMEI – и дастгоҳи Шуморо нишон медиҳад (агар дар он ду ва ё зиёда SIM корт истифода шавад).

Агар Шумо хоҳед, ки телефони гумшуда ё дуздидашударо ба феҳристи телефонҳои мобилии мамнуъ илова кунед, ба Шумо рамзи IMEI лозим мешавад. Ё ба руйхати сиёҳ дохил карда метавонед, то шахсони бегона телефонатонро истифода бурда натавонанд.

Маҳз бо ёрии рамзи IMEI пулис далели гум шудани телефонро ба қайд гирифта, онро ҷустуҷу мекунад.

Савол: - Кадом дастгоҳҳо бояд ба пойгоҳи додаҳои IMEI дохил карда шаванд?

Чавоб: - Ҳама дастгоҳҳои электрони, ки бо ёрии SIM кортҳо кор мекунанд.

Савол: - Вориднамоии IMEI ба базаи маълумот ва барои ин чӣ бояд кард?

Чавоб: - Вориднамоии рамзҳои IMEI ба системаи давлати барои бақайдгирии дастгоҳҳои мобилии алоқаи электрони аз 1 – уми феврали соли 2023 ҷори карда шуд.

Дар асоси Қарори Ҳукумат, аз лахзаи ҷори шудани система танҳо дар давоми се моҳ рамзҳои IMEI ба пойгоҳи ягона ба таври автомати ворид карда мешаванд. Яъне ҳамаи телефонҳои фаъол бо симкорти операторони мобили, ба таври худкор ба базаи миллии рамзҳои IMEI ворид карда мегарданд.

Дар телефонҳое, ки ду ё зиёда SIM корт истифода мешаванд, шумораи мувофиқи IMEI доранд. Ва албатта, барои ворид кардани ҳамаи IMEI-хо ба пойгоҳ, ҳама сим кортҳо бояд дар дастгоҳ ҷой карда шаванд.

Рамзи IMEI - и дастгоҳи мобили ба базаи маълумот як маротиба ворид карда мешавад, ҳатто ҳангоми убури сарҳад ягон вуруди иловаги талаб карда намешавад.

Бояд қайд кард, ки танҳо рамзи IMEI дар базаи умуми пайдо мешавад ва ҳеҷ гуна алоқаманди ба маълумоти шахсии шаҳрвандон вуҷуд нахоҳад дошт. Масалан, он шаҳрвандоне, ки аллакай дастгоҳ доранд, ба системаи давлати дохил шуданро ҳатто пай намебаранд, он ба таври автомати сурат мегирад.

Савол: - Чи гуна ҳолатро муайян карда мешавад?

Чавоб: - Ҳолати дастгоҳи мобилии худро дар махзани ягонаи миллӣ, тавассути рақамчини кардани рамзи *3366# дар дастгоҳи худ ё дар вебсайти www.imei.tj [ http://www.imei.tj ] тафтиш карда метавонед.

 

Савол: - Агар телефон аз дигар харидори шуда, дар Тоҷикистон истифода шавад?

Чавоб: - Шуруъ аз 1 – уми май тамоми телефонҳои воридоти ҳангоми ворид шудан ба кишвар бояд дар гузаргоҳҳои гумруки расман ба қайд гирифта шаванд.

Тибқи Қарори ҳукумат хар як шаҳрванд метавонад дар асоси имтиёз бо пурра озод аз пардохти боҷҳои гумруки ва андоз барои эхтиёҷоти шахсӣ ба кишвар молеро ворид кунад, ки арзиши он на бештар аз 2000 доллари амрикои аст. Ин муқаррарот ба дастгоҳҳои мобилӣ низ дахл дорад. Агар арзиши дастгоҳҳои мобилӣ ё планшетҳои воридшаванда аз 2000 доллари ИМА зиёд, вале на бештар аз 5000 доллари ИМА бошад, дар ин ҳолат тартиби соддакардашудаи барасмиятдарории гумруки бо истифода аз меъёрҳои ягонаи боҷҳои гумруки ва андоз ба андозаи 20 дарсади арзиши гумруки аз мол татбиқ карда мешавад.

Савол: - Чаро мақомот IMEI – ро ба қайд гирифта истодааст?

Чавоб: - Ягона шарт ин аст, ки шаҳрвандоне, ки барои истифодаи шахси бо худ дастгоҳҳои мобилӣ меоранд, бояд дар гузаргоҳҳои гумруки декларатсияи дахлдори шакли Т-6-ро пур кунанд. Ин ба Шумо имкон медиҳад, ки рамзи IMEI-и дастгоҳи мобилиро ба пойгоҳи додаҳои милли ройгон ворид кунед.

Барасмиятдарории гумрукии воридоти бебоҷ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

1) Дар гузаргоҳи гумруки шахси воқеи бояд шакли декларатсияи Т-6-ро дар коғаз пур кунад ва ҳатман рамзи IMEI-и дастгоҳро дар сутуни тавсифи маҳсулот нишон диҳад;

2) Дар гузаргоҳи гумруки шахси воқеи варақаи Т-6-ро тавассути Wi-Fi, ки махсус барои ин тартиб дохил карда шудааст, пур мекунад;

3) Бо сканер кардани рамзи QR, ки дар гузаргоҳҳои гумруки насб шудааст;

4) Тавассути портали www.imei.tj [ http://www.imei.tj ] .

Дар ҳама холатҳо, зарур аст, ки сатрҳоро пур кунед: номи пурра, ИН, серия ва рақами шиноснома, рақами телефон, рамзи IMEI дастгоҳи мобили (Шумо бояд ҳамаи рамзҳои IMEI-ро, ки дар дастгоҳи мобили ҳастанд, нишон диҳед), боргузори акси саҳифаи аввали шиноснома, акси саҳифаи шиноснома, ки дар он далели убури сарҳади давлатии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ё акси чиптаи савори.

Муҳим! Агар шахси воқеи гузаштани тартиби пур кардани декларатсияи Т-6-ро фаромуш карда бошад, пас у бояд бо пардохти андозҳо дастгоҳи мобили ва планшетро тоза кунад.

Тибқи конунгузории Тоҷикистон арзиши расмиёти гумруки 15% андоз аз арзиши умумии дастгоҳро ташкил медиҳад.

Ин тартиб танҳо ба телефонҳои мобили, планшетҳо ва дастгоҳҳои сайёр (аз чумла PDA) дахл дорад, зеро ин дастгоҳҳо аз ҷумлаи ашёҳое мебошанд, ки бештар дузди ва қочоқ ба қаламрави Тоҷикистон аз дигар кишварҳо мешаванд. Дар бисёре аз кишварҳои чаҳон, ташаббуси мушаххас кардани дастгоҳи мобили аз бисёр ҷиҳат самаранокии худро собит кардааст - таъсири мусбат ба иктисодиёт, чамъоварии шаффофи андоз, коҳиши чиноятҳо, каноатмандии шаҳрвандон аз сифати дастгоҳҳо ва хизматрасониҳо.

Савол: - Фурушандагони гадҷетҳо чи бояд кунанд?

Чавоб: - Ворид намудани рамзҳои IMEI дар дастгоҳҳои мобили, бо мақсади тиҷорати воридшаванда ба низоми давлати, тибқи тартиби муқарраршуда аз ҷониби шахсоне, ки дастгоҳҳои мобилиро ба ҳудуди ҷумҳури ворид кардаанд, амали мегардад.

Барои ин, ҳар як шахс метавонад расмиёти зеринро гузарад:

- Декларатсияи мувофиқро дар идораи гумрук дар руи коғаз пур кунед ва рамзҳои IMEI-и хама дастгоҳҳоро нишон диҳед.

- Онлайн тавассути ҳисоби шахсии худ, ки қаблан расмиёти сабти номи корбар дар вебсайти www.imei.tj [ http://www.imei.tj ] нишон дода шудааст, файлро дар формати txt бо рамзҳои IMEI-и ҳамаи дастгоҳҳо бор кунед.

Ҳангоми ворид кардани рамзҳои IMEI-и партияҳои зиёди телефонҳо ба базаи миллӣ набояд мушкилот вуҷуд дошта бошад, зеро ин раванд автомати карда мешавад.

Дар Тоҷикистон қочоқи телефону планшетҳо як мушкили бузургест, ки ба буҷаи кишвар хисороти зиёд ворид мекунад.

Тибки иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2022 ба кишвар расман 64 ҳазору 130 адад дастгоҳи мобили ворид шудааст. Дар хамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти алоқа, дар кишвар тақрибан 12 миллион рамзи IMEI фаъол мавҷуд аст (Эзоҳ: ин шумораи умумии дастҳҳои мобили нест, зеро як дастгоҳи мобили метавонад ду ва зиёда рамзи IMEI дошта бошад).

Ҳамакнун воридкунандагони телефону планшетҳои мобили бояд аз расмиёти гумруки гузаранд, вагарна дастгоҳҳое, ки аз барасмиятдарории гумруки нагузаштаанд, дар шабакаҳои ширкатҳои мухобиротии маҳалли кор карда наметавонанд.

Хадамоти алоқа тавсия медиҳад, ки ҳангоми харидани дастгоҳи мобили ё планшет аввал ҳолати дастгоҳро барои мавҷудияти рамзи IMEI-и ин дастгоҳ дар системаи давлати бо истифода аз рамзи *3366# ё дар вебсайти www.imei [ http://www.imei ] тафтиш кунед. 

Савол: - Сайёҳон ва хориҷиён, ки дар ҳудуди Тоҷикистон қарор доранд, чи бояд кунанд? 

Чавоб: - Агар телефони сайёҳ дар Тоҷикистон дар роуминг фаъол бошад, он гоҳ корашро идома медиҳад. Инчунин, шахрванди хориҷи дар давоми 30 руз метавонад бидуни ворид намудани тартиби рамзи IMEI - и телефони худ ба базаи маълумотҳои милли ба шабакаҳои мобилии операторҳо дастраси пайдо кунад.

Аммо агар шаҳрванди ҳориҷи нияти будубоши бештар аз 30 руз дар қаламрави Тоҷикистонро дошта бошад, пас у бояд дар сарҳад эъломияи шакли Т6-ро пур кунад.

Агар онро пур накарда бошад ва аз сим корти операторони алоқаи маҳалли истифода кунад, пас у бояд дар давоми 30 руз тартиби ворид кардани рамзи IMEI ба системаи давлати гузарад.

Савол: - Чаро ин чиз умуман лозим аст?

Чавоб: - Таҷрибаи созмони базаи ягонаи IMEI – рамзҳо, дар Узбекистон, Қазоқистон ҷори аст. Аз аввали соли 2010 дар Озорбойҷон ва Туркия ин иқдом амали гардида буд. Дар Қазоқистон ва Узбекистон ин таҷриба ба коҳиши дуздии телефонҳои мобили мусоидат кардааст. То соли 2018 бо ҳаҷми солонаи дуздии дастгоҳҳои мобили дар як сол 60 000 адад мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаги 5%-и моли дуздидашударо ба соҳибонашон баргардондаанд.

Савол: - Чи гуна бо арзиши 60 сомони телефони худро суғурта намудан имкон дорад?

Чавоб: - Масъулияти куллии телефонҳои мобилии дуздидашуда барои коҳиш додани дуздии «мобили» ба сифр мусоидат кард.

Дуздии дастгоҳҳои мобили бо мақсади бозфуруши ва истифодаи минбаъдаи дастгоҳи мобили дар қаламрави Тоҷикистон ғайриимкон мегардад, зеро система метавонад дастраси ба шабакаҳои мобилиро барои ин дастгоҳ катъ кунад ва он комилан корношоям мегардад.

Инчунин, татбиқи пойгоҳи рамзи IMEI метавонад дастраси ба ҳама телефонҳои қалбакиро манъ кунад. Аксар вақт чунин дастгоҳҳо қалбаки буда, ба талаботи стандартҳои байналмилали ҷавобгу нестанд.

Савол: - Чи гуна ҳолати дастгоҳро тафтиш карда метавонед?

Чавоб: - Ҳолати дастгоҳро метавонед тавассути рамзи (*3366#) ё дар вебсайти www.imei.tj [ http://www.imei.tj ] тафтиш намоед.

Савол: - Баъди 30. 04. 2023 маблағ пардохт кардан лозим, дуруст?

Чавоб: - Мувофиқи Қарори Ҳукумат то 30. 04. 2023 пайвастшави ройгон аст. Оиди арзиши баъди холо маълумот надорем, зеро ин Қарори Ҳукумат аст.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2