Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба ҳама киберварзишгарони кишвар новобаста аз он, ки онҳо муштариёни кадом ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ҳастанд, дастрасиро ба портали “eSport” пешниҳод намуд. Акнун иштирок дар мусобиқаҳо ва бурдкунии туҳфаҳо барои ҳамаи хоҳишмандон имконпазир аст. Нархи обунашавӣ – 30 сомонӣ дар як моҳ.
Портали киберварзиширо, ки шабеҳи он дар Осиёи Марказӣ ҳоло вуҷуд надорад, МегаФон Тоҷикистон дар оғози тобистон мавриди амал қарор дод. Ин як навъ идомаи анъана гардид: ширкат аллака солҳои зиёд мусобиқаҳои бузургтарини киберварзишии дар Тоҷикистон гузаронидашавандаро дастгирӣ менамояд. Портал имкон медиҳад, ки барои кишвари мо қаҳрамонҳои нави варзишӣ омода карда шаванд. Акнун ба мусобиқаҳои виртуалӣ муштариёни ҳамаи операторони кандуии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ шуда метавонанд.
“Портали esport.tj [ https://esport.tj/ ] якбора номдор гардид: ҳамагӣ дар давоми якчанд моҳ дар он наздики 290 мусобиқаҳо баргузор гардида, иштирокчиёни онҳо зиёда аз 14 ҳазор сомониро бурд намуданд. Қариб аз рӯзҳои аввали фаъолияти портал ба суроғаи мо хоҳишҳои васеъкунии дастрасӣ ба он ворид мегардиданд. Мо ин хоҳишро ба иҷро расонидем: акнун бозикунию бурднамоӣ на танҳо ба муштариёни мо, балки инчунин ба ҳамаи киберварзишгарони Тоҷикистон дастрас аст”, - мегӯяд директори ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
Барои пайдо кардани дастрасӣ ба портал ҳамаи хоҳишмандон бояд пеш аз ҳама тавассути воридкунии рақами мобилии худ дар сатри дахлдор бақайдгириро гузашта, сипас SMS-пароли дастраскардаро ба равзанаи авторизатсия дохил намоянд. Барои бе мушкилӣ дар мусобиқаҳо иштирок намудан ба хизматрасонӣ обуна бояд шуд. Барои муштариёни МегаФон ду намуди обуна дастрас аст: “eSport lite” (1 TJS/шабонарӯз) – он имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳо ширкат варзида, таҷриба ба даст оварда шавад. Обунаи дуюм “eSport cups” (1TJS/шабонарӯз) мебошад, ки он дастрасиро ба ҳамаи мусобиқаҳо, аз ҷумла, ба мусобиқаҳои дорои фонди туҳфаҳо, ки дар он ғолиб имконияти бадастоварии туҳфаи пулӣ ва таҷрибаро дорад, пешниҳод менамояд.
Барои фаъолкунии обунаи “eSport lite” муштариёни МегаФон бояд дар рақами худ *1881#, барои фаъолкунии “eSport cups” бошад, *1881*2#-ро рақамчинӣ намоянд. Барои муштариёни ширкатҳои дигари кандуӣ махсусан обунаи “World” бо арзиши 30 TJS дар як моҳ пешбинӣ шудааст. Обунаи мазкур ба ҳамаи мусобиқаҳое, ки ҳангоми иштирок дар онҳо метавон таҷрибаву туҳфаҳои пулиро ба даст овард, дастрасиро фароҳам меорад. Пардохти маблағи обунаи “World” бо ёрии дилхоҳ корти низоми Корти Миллӣ бо истифода аз технологияи “Интернет экваринг” сурат мегирад. Обунаи “World” дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи фаъолкунии он эътибор дорад. Бо анҷомёбии 30 рӯз тамдидкунии обуна ва такроркунии тартиби анҷомдиҳии пардохт бо ёрии корти бонкии Корти Миллӣ пешниҳод карда мешавад. Портали “eSport” ба ҳамаи дӯстдорони бозиҳои рақамӣ дилхоҳ вақт дар дилхоҳ макон дастрас мебошад!
