МегаФон Таджикистан

Муштариёни ширкати МегаФон Тоҷикистон тавозуни телефонро дар Сбербанк пур карда метавонанд

Время чтения: 1 мин
Муштариёни ширкати МегаФон Тоҷикистон тавозуни телефонро дар Сбербанк пур карда метавонанд

Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки дар Россия кору зиндагӣ мекунанд, имкон пайдо менамоянд, ки бо ёрии хизматгузории “Сбербанк Онлайн” ё терминалҳои Сбербанк ба ҳисоби телефони худ маблағ гузаронанд. Хизматгузорӣ дар ҳамаи минтақаҳои ФР дастрас аст.

 

Имконияти дар дилхоҳ вақт пур кардани ҳисоби абонентӣ баҳри истифодабарии ҳамаи хизматрасониҳои алоқа барои ҳар як инсон, махсусан вақте ки ӯ дур аз ватан қарор дорад, муҳим аст. Бо назардошти ин, МегаФон Тоҷикистон воситаҳои гуногуни интиқоли маблағро ба тавозуни телефон пешниҳод менамояд. Яке аз чунин воситаҳо якҷоя бо Сбербанки Россия – муассисаи пешбари молиявӣ-қарзии кишвар, ки ба он мунтазам даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳозир мешаванд, пешбинӣ гардидааст.  

 

“Ҳамкорӣ бо бонки маъруфтарини ФР – як қадами дигар дар самти дастрасгардонии телеком-хизматрасониҳо ба шумор меравад. Ҳангоми қарор доштан дар Россия муштариёни мо метавонанд воситаи барои худ нисбатан қулайи пуркунии тавозунро интихоб карда, ҳамеша бо наздикон дар алоқа бимонанд ва инчунин хизматрасонии интернетро дар дилхоҳ вақт ҳангоми зарурат истифода намоянд”, - мегӯяд Анатолий ИЗЮМНИКОВ, Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2