Аз 27 январи соли 2025 ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба муштариёни нав пайваст кардани кортҳои электронии eSIM-ро бо шартҳои махсус пешниҳод менамояд. Агар мизоҷ тарофаеро интихоб кунад, ки арзишаш 85 сомонӣ ва зиёдтар бошад, маблағи фаъолкунии eSIM дар ҳаҷми 10 сомонӣ ситонида намешавад.
Соли 2020 ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар кишвар аввалин шуда ба ҷои симкортҳои маъмулӣ намуди наву нисбатан қулайтари симкортҳоро пешниҳод намуд. SIM-корти электронӣ имкон медиҳад, ки беш аз як рақам дар як телефон пайваст карда шавад. Илова бар ин, онро дар соатҳои доно, дастбандҳои фитнес ва дигар гаҷетҳое, ки барои гузоштани кортҳои воқеӣ слот надоранд, фаъол кардан мумкин аст. Афзалияти муҳими eSIM дар он аст, ки корти мазкур шакли модули васлшударо дошта, аз омилҳои механикӣ зарар намеёбад.
Акнун фаъолкунии кортҳои намунаи нав барои мизоҷоне, ки бори аввал тарофаҳоро бо пардохти абонентии 85 сомонӣ ва зиёдтар пайваст мекунанд, ройгон шуд. Ҷиҳати истифода аз ин фурсат, метавонед ба наздиктарин идораи хизматрасонии оператор муроҷиат намоед. Бо худ бояд шиносномаи амалкунанда (корти ID) ва дастгоҳи фаъолкунандаи модули eSIM дошта бошед. Раванди фаъолсозии eSIM ҳамагӣ якчанд дақиқа вақт мегирад.
Бо кортҳои муосир ва қулайи eSIM ба шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» пайваст шавед!