МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” теъдоди толорҳоро дар Хатлон зиёд намуд

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” теъдоди толорҳоро дар Хатлон зиёд намуд

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” аз рӯйи суръати инкишофи шабакаи хусусии худ дар вилояти Хатлон рекорд гузошт: аз оғози сол дар ин ҷой зиёда аз 30 толори нави фирмавӣ кушода шуд. Миқдори онҳо се маротиба зиёд карда шуд.

“Ҳадафи мо – дастрасгардонии хизматгузории сатҳи баланд ба ҳар як муштарӣ мебошад. Бо кушодашавии нуқтаҳои хусусӣ ҳарчи зиёдтар сокинони вилояти Хатлон имкон пайдо мекунанд масъалаҳои мобилии худро дар назди хонаи худ ҳал намоянд. Алҳол дар ҳудуди минтақа зиёда аз 40 толори фирмавии мо фаъолият дорад”, - мегӯяд Маҷид САЙТАСАНОВ, роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон.

Айни замон толорҳои фирмавии оператор дар ҳамаи ноҳияҳои Хатлон фаъолият мебаранд. Танҳо дар моҳи июл ба шабакаи хусусӣ нуқтаҳои хизматрасонии мизоҷон дар ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик, дар кӯчаи Айнии воқеъ дар маркази ноҳияи Балхӣ – деҳаи Колхозобод, ҷамоати Сари Мазори ноҳияи Балҷувон ва ҷамоати Ғайрати ноҳияи Фархор дохил гардиданд.

“Вақте оператор ин қадар толор дорад – ин хеле қулай аст. Ҳам дар деҳаи худ, ҳам дар меҳмонии наздикон пуркунии ҳисоб ва гирифтани маълумот дар бораи хизматрасониҳои нави “МегаФон Тоҷикистон” ҳамеша қулай аст. Чанде қабл бо маслиҳати мушовир замимаи “МегаФон Life”-ро пайваст намудам. Акнун барои суҳбатҳо бо амакҳое, ки дар Россия кору фаъолият доранд, маблағро ба таври назаррас камтар пардохт менамоям”, - тассуроти худро изҳор медорад муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, сокини ноҳияи Балҷувон Хуршед МАНСУРОВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2