МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд

Время чтения: 1 мин
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд

Дар ноҳияи Данғара мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба варзиши парапланӣ баҳри дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуданд. МегаФон Тоҷикистон ба сифати шарики рақамӣ чорабиниро бо интернети босуръати мобилӣ таъмин намуд. 

Ба мусобиқаҳо зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Арманистон, Белоруссия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Хитой, АМА, Русия, Туркия ва Ӯзбекистон ҳозир шуданд. Ҳамаи иштирокчиён имкон доштанд, ки интернети мобилиро аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо суръати зиёда аз 55 Мб/с истифода намоянд. 

“Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки интернети мо дар ҳар ҷое, ки шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” муаррифӣ шудааст, “дар парвоз бошад”, яъне бо суръати ниҳоят тез амал кунад. Барои ҳамин варзишгарон-парапланеристон рӯҳан ба мо наздиканд. Ҳар яки онҳо озодона на танҳо дар осмон, балки дар интернет низ сайр намуда, хушнудии худро аз пирӯзиҳо ва таассуроташонро аз зебоии кӯҳҳои Тоҷикистон ба обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ифшо менамуданд”, - мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов. 

МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳоеро, ки бо ташаббуси Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои парвозии сабуки Тоҷикистон ва клуби республикавии парвоз бо дастгирии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД “Дипсервис”, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардида буданд, дастгирӣ намуд.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2