МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” муаллифони аксҳои аз ҳама ғайриоддиро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд

Время чтения: 2 мин
“МегаФон Тоҷикистон” муаллифони аксҳои аз ҳама ғайриоддиро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуд

Озмуни аксҳои аз ҳама барҷаста ва ғайриоддӣ дар назди иншооти “I love Bokhtar “ ба поён расид. Соҳибони се мақоми мукофотӣ аз ташкилкунанда – ширкати “МегаФон Тоҷикистон” смартфонҳо ва SIM-кортҳоро ба даст оварданд.

Арт-иншооти “I love Bokhtar” ба шаҳр аз номи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар соли 2018 туҳфа карда шуда, тӯли муддати кӯтоҳ ба яке аз маконҳои дӯстдоштатарини тамошобоб табдил ёфт. Дар назди он вохӯриҳои ошиқона ва корӣ мегузаранд, туристон ва худи сокинон сэлфи мекунанд. Оператори имкониятҳои нав қарор кард, ки муаллифони аксҳои аз ҳама беҳтаринро тариқи эълони озмуни махсус дар моҳи октябр бо туҳфаҳо қадрдонӣ кунад.

Дар давоми 22 рӯз иштирокчиён дар назди иншооти “I love Bokhtar” аксҳои гуногун гирифтанд. Дар ҷамъбаст се акси беҳтарин интихоб карда шуда, муаллифони онҳо аз ширкати  “МегаФон Тоҷикистон” смартфонҳову SIM-кортҳоро чун туҳфа ба даст оварданд. Ба ғолибон SIM-кортҳо бо тарофаи “Биё: Гап зан”, бо ҳаҷми 450 дақиқаи зангҳо дар ҷумҳурӣ, 1 Гб трафики интернет ва нархгузории бемаҳдуд барои мессенҷерҳои Viber ва WhatsApp пешниҳод карда мешавад. Муҳлати амали баста – як моҳ. 

“Ба назари мо туҳфа бояд ҳам дилписанд ҳам муфид бошад. Хизматрасониҳои алоқа бошанд – маҳз воситае ба шумор мераванд, ки бе он сокини шаҳри калону муосир ҳаёти худро тасаввур карда наметавонад. Мутмаинам, ҳоло ғолибони озмуни мо дар кӯчаҳои Бохтар боз аксҳои зиёд гирифта онҳоро дар интернет мегузоранд ё дар бобати то чӣ андоза зебо шудани шаҳрамон тариқи телефон бо наздиконашон суҳбат мекунанд”, - мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ. 

Ганҷина Сайракова ном иштирокчӣ ғолиби озмуни аксҳо эътироф карда шуда, ширкат ба номбурда смартфони Xiaomi Redmi S2-ро ҳадя намуд. Ҷойи дуюм ва сеюмро Ҷаҳонгир Ғаниев ва Манучеҳр Камолов соҳиб гардида, Samsung Galaxy J2 Prime – ро чун туҳфа ба даст оварданд.

“Хеле хушҳолам, ки акси ман дар қатори беҳтаринҳо дониста шуд. Вале насбкунии чунин арт-иншоот ҳамчунин идеяи ғайриоддист. Ба ин восита одамон воқеан зудтар ба номи нави шаҳрамон одат хоҳанд кард. Ташаккур ба ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои ин иншооте, ки ба як макони тамошобоб табдил ёфтааст ва албатта барои туҳфа. Тамоми моҳ ройгон аз интернет истифода мебарам!” – аз таассуроти худ сухан гуфта изҳор дошт ғолиби озмун Ганҷина Сайракова.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2