27 ноябр дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон” иқдоми нав оғоз ёфт: ҳангоми пайвасткунии дилхоҳ баста аз қатори бастаҳои дастраси интернетӣ муштарӣ 50% зиёдтар трафикро ба даст меорад. Бастаи иловагии туҳфавӣ ба шарти пайвасткунии мустақилона тариқи замимаи “МегаФон Life” ё “Ҳуҷраи корӣ” (lk.megafon.tj) пешниҳод мегардад. Иқдом то 28 феврали соли 2019 идома меёбад.
Имкони дастраскунии яку ним маротиба зиёдтар интернетро муштариён – шахсони воқеӣ, ки дар доираи ҳама тарофаҳои амалкунанда хизматрасонӣ мешаванд, доро мебошанд. Ҳар бастаи туҳфавӣ як маротиба пешниҳод карда мешавад, вақти амали он ба муҳлати бастаи асосӣ баробар аст. Масалан, агар мизоҷи “МегаФон” бастаи “М 1000”-и иборат аз 1 000 Мб-ро барои як моҳ интихоб намояд, аз оператор ӯ боз 500 Мб-ро туҳфа гирифта, ин ҳаҷмро номбурда бояд дар давоми ҳамон давра сарф намояд. Ба давраи ояндаи ҳисоботӣ бастаи туҳфавӣ гузаронида намешавад.
“Мо ҳаракат мекунем, ки робитаи муштариён бо ширкатамон то ҳадди имкон қулай гардад. Барои ҳамин мо воситаҳои худхизматрасонӣ – ба монанди “Ҳуҷраи корӣ” ва “МегаФон Life”-ро инкишоф медиҳем. Бо ёрии онҳо метавон мустақилона тарофаву хизматрасонҳоро идора намуда тавозунро назорат кард, дар давраи баргузории иқдом бошад – ҳаҷми интернети истифодашавандаро то дараҷаи назаррас зиёд намуд. Мутмаинам, ки туҳфаи мо ба ҳамаи истифодабарандагони интернет, дӯстдорони тамошои филмҳо тариқи онлайн ва ирсолкунандагони файлҳои “вазнин”-и барои кор лозимӣ писанд хоҳанд омад”, - мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.
Маълумоти нисбатан муфассал дар ҷадвали зерин оварда шудааст:
Бастаи интернетии силсилаи “М”
Ҳаҷми трафики Бастаи интернетии “М”
Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ 50%
М300
300 МБ
150 МБ
М1000
1000 МБ
500 МБ
М2000
2000 МБ
1000 МБ
М3000
3000 МБ
1500 МБ
М5000
5000 МБ
2500 МБ
М10 000
10 000 МБ
5000 МБ
Бастаи интернетии силсилаи “Онлайн”
Ҳаҷми трафики Бастаи интернетии силсилаи “Онлайн”
Ҳаҷми трафик дар доираи Бастаи туҳфавӣ 50%
(рӯзона)
Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ
50% (шабона)
Онлайн 6
3000 МБ
3000 МБ
1500 МБ
1500 МБ
Онлайн 10
5000 МБ
5000 МБ
2500 МБ
2500 МБ
Онлайн 20
10 000 МБ
10 000 МБ
5000 МБ
5000 МБ
Бастаи интернетии силсилаи “4G”
Ҳаҷми трафики Бастаи интернетии силсилаи “4G”
Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ
50% (трафики умумӣ)
Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ
50% (барои дастрасӣ ба порталҳои видеоӣ)
4G 6
2000 МБ
4000 МБ
1000 МБ
2000 МБ
4G 9
3000 МБ
6000 МБ
1500 МБ
3000 МБ
4G 15
5000 МБ
100000 МБ
2500 МБ
5000 МБ
4G 30
10 000 МБ
20 000 МБ
5000 МБ
10000 МБ
Бастаи интернетии силсилаи “Unlim”
Ҳаҷми трафики Бастаи интернетии “Unlim”
Ҳаҷми трафики Бастаи туҳфавӣ
50%
Unlim 10
10 000 МБ
5000 МБ
Unlim 20
20 000 МБ
10000 МБ
Unlim 30
30 000 МБ
15000 МБ
Unlim 50
50 000 МБ
25000 МБ
