МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” хизматгузориро дар Хуҷанд боз ҳам дастрас мекунад

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” хизматгузориро дар Хуҷанд боз ҳам дастрас мекунад

“МегаФон Тоҷикистон” хизматгузориро дар Хуҷанд боз ҳам дастрас мекунад

Идораи нави хизматрасонии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дарҳои худро барои меҳмонон ва сокинони Хуҷанд боз намуд. Акнун пайвасткунии хизматрасониҳо бевосита дар назди оператор, харидани дастгоҳҳои мобилӣ, “аз дастони аввал” гирифтани маълумот доир ба тарофаҳо ва опсияҳо боз ҳам осонтар мешавад.

Идораи нав дар ҳудуди бозори марказии “Панҷшанбе” дар назди истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ҷойгир мебошад. Боздид аз он ҳам барои сокинони Хуҷанд, ҳам барои меҳмонон қулай аст. Хусусияти фарқкунандаи чаканаи хусусии оператор силсилаи таҷҳизоти муосири махсусан барои муштариён пешбинишуда ба ҳисоб меравад. Дар витринаи идора USB-модемҳо барои дастрасии босуръат ба интернети мобилӣ, роутерҳои сафарӣ ва кисагӣ бо тамғаи “МегаФон Тоҷикистон” гузошта шудаанд. Бо ёрии мутахассисони ширкат боздидкунандагон метавонанд ройгон дастгоҳҳои мобилӣ (смартфонҳо, модемҳо, планшетҳо)-и худро барои кор бо хизматгузориҳои навини операторӣ танзим кунанд.

“Хизматгузорӣ аз ту оғоз мегардад! Мо ба хубӣ дарк менамоем, ки барои муштариёни мо на танҳо эътимоднокии алоқа, балки инчунин сифати хизматрасонӣ муҳим аст. Бо инкишофи чаканаи хусусӣ мо кӯшиш менамоем, хизматрасонии баландсифатро ба ҳар як мизоҷи минтақа пешниҳод намоем”, - қайд намуд Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

Имрӯз дар вилояти Суғд 27 идораи хизматрасонии оператор фаъолият дорад. Ширкат кушодани боз якчанд идораҳоро дар вилояти Суғд то охири соли равон ба нақша гирифтааст.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2