МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон геймерҳои беҳтаринро бо мукофот қадрдонӣ намуд

77 просмотров
Время чтения: 2 мин
МегаФон Тоҷикистон геймерҳои беҳтаринро бо мукофот қадрдонӣ намуд

Рӯзи 20 декабр даври финалии онлайн-мусобиқаи намуди PUBG Mobile, ки аз тарафи Федератсияи варзиши кибернетикии Тоҷикистон якҷоя бо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба муносибати бакордарории бастаи интернетии нави «Геймер» ташкил гардид, гузаронида шуд. Фонди туҳфавӣ дар ҳаҷми 12 000 сомонӣ насиби Рахимбек Назаров ва Иброхим Ӯзбеков гардид.

Мусобиқаи онлайн бозигаронро аз тамоми гӯшаҳои кишвар гирд овард. 50 даста тавонистанд бозии дӯстдоштаи худро бо истифода аз бастаи махсуси интернет аз оператори аввали имкониятҳои нави рақамӣ ба роҳ монанд. Ғалаба дар мусобиқа ба Раҳимбек Назаров ва Иброҳим Узбеков насиб гардид.   

«Бозӣ махсусан ҷолиб мешавад, вақте ки натиҷа пешгӯинашаванда аст. Ва мусобиқаи мо бори дигар инро тасдиқ кард. Боварӣ дорам, ки на танҳо ғолибон, балки ҳамаи иштирокчиён низ аз худи ин раванд, аз эҳсосоти ҳангоми варзиши кибернетикӣ пайдошаванда ҳаловат бурданд. Табрик ба чемпионҳо ва ташаккур барои бозӣ! !» – гуфт директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.

Дар байни мухлисон шаҳрвандони маъруфи Тоҷикистон буданд. Дар байни онҳо бобои яке аз ғолибон, овозхони маъруф Далер Назаров низ ҳузур дошт. «Ташаккур ба шумо барои ташкили чунин як чорабинии бузург! Ин хеле зебо буд. Дар аввал ман огоҳ набудам, ки набераам дар байни иштирокчиён аст ва инро ҳамон  вақте фаҳмидам, ки ӯ аллакай  ба финал баромад.  Ман ба ин мусобиқа таваҷҷуҳи зиёд доштам, ба ҷустуҷӯ ва омӯхтани маълумоти бештар дар бораи варзиши кибернетикӣ шурӯъ кардам.  Зимнан, мусобиқаи аз ҷониби МегаФон ташкилшуда ба он мусоидат мекунад, ки ҷавонон мустақилона ширкат варзидан, пирӯз шуданро интихоб мекунанд, ва мо калонсолон бояд кӯдаконро ба чизе такон надиҳем. Зебоии чунин чорабиниҳо маҳз ҳамин аст!» – қайд кард Далер НАЗАРОВ  

Бастаи нави «Геймер» ба бозигарон таассуроти рангинро касб намуд.  Баста бо арзиши 15 сомонӣ ба шумо имкон медиҳад, ки аз бозиҳои мобилӣ,  ба монанди PUBG Mobile, Call of Duty Mobile, World of Tanks Blitz ва Clash of Clans,  дар давоми 30 рӯзи пурра  ройгон истифода баред. Дархост барои пайвасткунии баста - * 151 # мебошад.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2