6 декабр дар Маскав натиҷаҳои озмуни бузургтарини Аврупои Шарқӣ дар соҳаи телекоммуникатсия таҳти унвони Eventiada IPRA Golden World Awards ҷамъбаст карда шуданд. Мукофотро аз рӯйи номинатсияи “Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи коммуникатсияҳои корпоративӣ” ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки ба сифати ташкилкунандаи роуд-сафари эҷодӣ барои хабарнигорону блогерҳо баромад мекард, соҳиб шуд. Ҳадафи лоиҳаи “Digital Silk Road” пешбарии ҷаззобии туристии Тоҷикистон ва намоиши алоқаи боэътимоди оператор дар хатсайрҳои туристии ВМКБ ба ҳисоб мерафт.
Хабарнигорон ва блогерҳо аз Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон масофаи 2 350 километрро тай намуданд. Хатсайри сафар иншоотҳои нодири мероси фарҳангии на он қадар дар хориҷа маъруф, аз ҷумла, деҳаи Қалъаи Хумб – собиқ пойтахти шоҳигарии Дарвоз, Қоруни қадим, ки таърихи он аз асри IX оғоз меёбад, маҷмааи нодири буддоии Вранг, ағбаи Қулма, ки дар баландии 4 365 метр дар сатҳи баҳр истгоҳи баландтарини базавии “МегаФон” насб карда шудааст, петроглифҳо дар кӯҳҳои Лангарро дар бар мегирифт. Боздид аз маконҳои мазкур имкон дод, ки маълумоти нодир дастрас карда шуда, дар байни хонандагону бинандагон паҳн карда шавад.
Зимни сафар хабарнигорону блогерҳо санҷиши алоқаи мобилӣ ва интернети “МегаФон Тоҷикистон”-ро анҷом медоданд. Суръати миёна зиёда аз 5 Мбит/с-ро ташкил дода, дар тамоми хатсайр алоқа боэътимод ва дастрас буд. Пахши онлайн бевосита дар роҳ сурат гирифта, маводҳое, ки дар ҷамъбаст дар ВАО-и рейтингӣ нашр карда шуданд, имкон доданд, ки маълумот оид ба ҷаззобии туристии Тоҷикистон ба зиёда аз 1 500 000 сокинони се кишвар расонида шавад.
“Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли равон Кумита оид ба инкишофи туризим бо шарикон кори назаррасро дар самти ташкили як қатор чорабиниҳои глобалӣ баҳри муаррифии имкониятҳои туристии ҷумҳурӣ дар бозори ҷаҳонии туризм ба анҷом расонид. Лоиҳаи “Digital Silk Road” яке аз чунин лоиҳаҳост. Лоиҳа дар байни се кишвар бомуваффақона амалӣ карда шуда, теъдоди зиёди аҳолиро фаро гирифт. Имрӯз мо хеле хушҳол аз онем, ки лоиҳаи мазкур сазовори мукофот гардид. Ба шарофати чорабиниҳои муштарак имрӯзҳо кишвари мо барои кишварҳои дигар як навъ ҷаззобии туристиро барои худ касб кардааст” – зикр намуд мутахассиси Кумита оид ба инкишофи туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдукарим ҚУРБОНОВ.
Натиҷаҳои “Digital Silk Road” аз ҷониби ҳайати ҳакамон озмуни байналмилалӣ баланд баҳогузорӣ карда шуд. Ҳамагӣ дар соли равон баҳри бурди мукофоти Eventiada IPRA Golden World Awards лоиҳаҳо аз 13 кишвари ҷаҳон: Озарбоҷон, Арманистон, Белоруссия, Болгария, Маҷористон, Қазоқистон, Латвия, Полша, Россия, Сербия, Тоҷикистон, Хорватия ва Эстония пешниҳод шуда буданд.
“Дар соли туризм, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда буд, мо мехостем лоиҳаи воқеан ҷолиб ва натиҷабахшро ташкил намоем. Ман худ доимо наворҳои видеоии дар роҳ сабткардаи худро баҳри нигоҳдории хотира оид ба сафари тобистона такрор ба такрор тамошо мекунам. Ин воқеан рӯзҳои беҳтарин ва маконҳои беҳтарин буданд! Фикр мекунам, эҳсосоти мо дар ҳама амалҳое, ки мо баҳри амалишавии иқдом пеш мегирифтем, зоҳир гардида – чун натиҷа мукофоти озмунро мо маҳз ба Тоҷикистон овардем!” - мегӯяд директор оид ба робита бо ҷомеаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Валентина БУТНИК.
Лоиҳаи “Digital Silk Road” бо дастгирии Кумитаи инкишофи туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.