МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон” барои аксгирӣ дар назди арт-иншооти «I love Bokhtar» смартфонҳо туҳфа мекунад

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон” барои аксгирӣ дар назди арт-иншооти «I love Bokhtar» смартфонҳо туҳфа мекунад

Сокинони Бохтар аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои аксҳои аз ҳама рангину барҷаста туҳфа ба даст меоранд. Шарти асосӣ – акс бояд дар назди арт-иншооти «I love Bokhtar», ки аз ҷониби оператор аввали моҳи сентябр ҳадя шуда буд, гирифта шавад. Озмуни аксҳо санаи 21 октябр оғоз ёфта то 11 ноябр идома мекунад.

Арт-иншоот дар маркази Бохтар чанде пеш пайдо шуда, аллакай ба яке аз ҷойҳои маъмулӣ барои мулоқотҳо ва макони маъруфи туристӣ табдил ёфтааст. Ҳар рӯз дар ин ҷой метавон меҳмонони шаҳрро дид, ки селфи мекунанд. Рӯзҳои истироҳат бошад, ба ин макон навхонадорон ҳозир шуда, рӯзи фаромӯшнашавандаи худро аксбардорӣ менамоянд.

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” қарор кард анъанаи навро дастгирӣ карда, барои омодакунии акси ғайриоддӣ дар назди арт-иншооти “I love Bokhtar” озмун ташкил намояд. Барои иштирок дар он пеш аз ҳама зарур меояд, ки чунин акс бо дастгоҳи аксбардорӣ ё смартфон гирифта шавад. Сипас обунашавӣ ба саҳифаи расмии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” – “megafontj” дар "Instagram” ва гузоштани акс дар профили худ бо хэштэгҳои #megafontj ва #ilovebokhtar зарур меояд.

Ғолибони озмун санаи 12 ноябр – дар саҳифаҳои расмии оператор дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон карда мешаванд. Муаллифи акси беҳтарин соҳиби смартфони “Xiaomi Redmi S2” хоҳад шуд. Ду муаллифи дигар, ки аксҳои барҷаста омода кардаанд, смартфони “Samsung Galaxy J2 Prime”-ро туҳфа мегиранд. Барои ҳамин агар Шумо ҳоло дар назди макони нави тамошобоби шаҳр акс надошта бошед – барои аксгирӣ айни муддаост!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2