“МегаФон Тоҷикистон” ба сокинони Бохтар имкон медиҳад, ки Чемпионати ҷаҳонро дар смартфонҳо тамошо кунанд
Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” шабакаи насли чорумро дар Бохтар васеъ намуд. Баъди корандозии истгоҳҳои нави базавии 4G дар минтақаи бозори Хоҷӣ Шариф ва кӯчаи Ҳувайдуллоев интернети босуръати мобилӣ барои 80% аҳолии маркази вилоятӣ дастрас гардид. Ин маънои онро дорад, ки муштариёни оператор имкон пайдо мекунанд, ки тариқи смартфонҳои худ бозиҳои Чемпионати ҷаҳонро оид ба футбол тамошо кунанд.
Бозиҳои ЧҶ-2018 дар Россия санаи 14 июн оғоз меёбанд, вале дӯстдорони сершумори футбол дар Тоҷикистон аллакай тамошои мусобиқаҳоро ба нақша гирифтаанд. Барои онҳое, ки имкони тамошои мусобиқаҳоро дар хона ё дар меҳмонии дӯстон надоранд, интернети мобилӣ имконияти хеле хуб хоҳад буд. Шабакаи 4G, ки аз ҷониби “МегаФон Тоҷикистон” дар ҳамаи ноҳияҳои Бохтар роҳандозӣ шудааст, суръати наздик ба 20 Мби/с.-ро таъмин менамояд.
“Бо чунин суръатҳо на танҳо ирсоли файлҳои корӣ ё кушодани сомонаҳо, балки инчунин тамошои наворҳои видеоӣ тариқи онлайн қулай мебошад. Ҳатто агар ҳангоми мусобиқаҳои ЧҶ дар назди муштариёни мо телевизор набошад, имкон дорад, ки тамошобинон бозиҳоро тариқи экранҳои смартфонҳо ё планшетҳои худ, ки технологияи 4G/LTE дар онҳо фаъол буда метавонад, пайгирӣ намоянд. Қариб ҳамаи намудҳои нави чунин дастгоҳҳо бо чунин имконият муҷаҳҳазанд. Аз ҳама муҳим имкони тамошои ЧҶ дар автобусҳо, қаҳвахонаҳо, идораҳо – хуллас, дар ҳамаи маконҳое, ки шабакаи насли чоруми мо фаъолият дорад, фароҳам оварда мешавад”, - мегӯяд Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.
“Ҳамеша бозиҳои чунин сатҳро бесаброна интизор мешавам. На сабти бозиҳо, балки маҳз тамошои мустақими бозиҳо ҳаловати махсус мебахшад. Соли равон дар вақти мусобиқаҳо ман дар кор, яъне дар бозори Ҳоҷӣ Шариф мешавам, вале ман аз ин ғамгин нестам. Акнун дар бозор сатҳи сигнали шабакаи 4G хеле хуб аст – ЧҶ-ро дар телефони худ фаъол карда тамошо хоҳам кард!” – изҳор дошт муштарии “МегаФон Тоҷикистон” Бахтиёр ТОЛИБОВ.
Дар бораи қобили фаъолият будан ё набудани 4G дар дастгоҳи мобилӣ муштариён метавонанд дар идораҳои хизматрасонии оператор маълумот гирифта, инчунин дар ин ҷой намуди зарурии дастгоҳро интихоб ва дастрас карда, онро барои тамошои видео аз Ҷемпионати ҷаҳон дар назди мутахассисони идора танзим намоянд.