МегаФон Таджикистан

“МегаФон Тоҷикистон ба донишҷӯён “парвоз” дар интернетро пешниҳод намуд

5 просмотров
Время чтения: 1 мин
“МегаФон Тоҷикистон ба донишҷӯён “парвоз” дар интернетро пешниҳод намуд

“МегаФон Тоҷикистон ба донишҷӯён “парвоз” дар интернетро пешниҳод намуд

Дар рӯзи кайҳоннавардӣ кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бо донишҷӯёни литсеи техникии шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир намуда, ба онҳо доир ба таърихи парвозҳо ба кайҳон маълумот дода, пешниҳод карданд, ки парвозҳои худро бо суръатҳои баланди интернети мобилӣ анҷом бидиҳанд.

“Соҳаи алоқа бо суръатҳои воқеан кайҳонӣ рушд меёбад. Ҳамагӣ дар давоми даҳ сол суръатҳои интернети мобилӣ то садҳо маротиба боло рафта, акнун мо онҳоро на бо килобитҳо, балки бо мегабитҳо андоза мекунем. Маҷозан, ин раҳоии воқеӣ аз ҳама гуна маҳдудиятҳои коммуникатсионӣ ба шумор меравад – яъне акнун дилхоҳ маълумотро дар дилхоҳ маконе, ки дар он шабакаҳои мобилӣ фаъол ҳастанд, метавон бе мамониат озодона дастрас намуд. Бо доир намудани мулоқотҳо бо донишҷӯён мо пайваста кӯшиш менамоем, ки ҷавонон дар бораи имкониятҳои алоқа барои таҳсил ва ҳаёти бомуваффақонаи худ ба пуррагӣ огоҳӣ пайдо намоянд”, - изҳор дошт Маҷид САЙТАСАНОВ, Роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон.

Пас аз анҷоми нақл доир ба таърихи кайҳоннавардӣ ва тамошои филм дар бораи кайҳоннаварди №1 Юрий Гагарин донишҷӯёни литсейи техникӣ тавонистанд интернети баландсуръати “МегаФон Тоҷикистон”-ро мавриди озмоиш қарор диҳанд. Намояндагони оператор вобаста ба танзимкунӣ ва истифодаи дастгоҳҳои мобилӣ маслиҳатҳои муфид дода, инчунин дар бораи замимаи нави “МегаФон Life” маълумот доданд. Замимаи номбурда алоқаи мобилӣ, мессенҷерҳо, “Ҳуҷраи корӣ”-ро барои идораи хизматрасониҳо муттаҳид карда, дар баробари ин, функсияҳои дигари муфид, ба монанди анҷоми зангҳои байналмилалиро бо шартҳои муфид дар бар мегирад.

“Имрӯз дар бораи кайҳон ва на танҳо доир ба он бисёр маълумотҳои ҷолиб гирифтам. Пешниҳоди нави “МегаФон Тоҷикистон” хеле писанд омад – ин хеле қулай аст, вақте метавонӣ бисёри масъалаҳоро ба воситаи танҳо як замима ҳал намоӣ. Ҳатман “MegaFon Life”-ро дар смартфони худ ба кор медарорам!” – оид ба таассуроти худ аз дарси омӯзишӣ сухан ронда қайд намуд донишҷӯи литсейи шаҳри Бохтар Идибек МУСОЕВ.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2