МегаФон Таджикистан

МегаФон Тоҷикистон бастаҳои нави «Боз ҳам 3.0»-ро ҷорӣ менамояд

  • Ширкат
  • Хизматрасониҳо
47 просмотров
Время чтения: 5 мин
МегаФон Тоҷикистон бастаҳои нави «Боз ҳам 3.0»-ро ҷорӣ менамояд

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бастаҳои нави «Боз ҳам 3.0»-ро пешниҳод намуд. Онҳо ба муштариён имкон медиҳанд, ки ҳатто ҳангоми ба поён расидани ҳаҷми хизматрасониҳои ба тарофа дохилшуда дар алоқа бимонанд. Силсила бастаҳои алоҳидаи трафики интернет, дақиқаҳо ва SMS-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад.  

Бастаҳои нав барои онҳое, ки алоқа ва интернети мобилиро фаъолона истифода мебаранд, имконияти хеле қулай хоҳанд буд. Агар то анҷоми мӯҳлати амали тарофаи асосӣ ҳоло вақт монда истода, лекин бастаи дақиқаҳо ва трафики интернет аллакай нокифоя бошад, муштариён метавонанд бастаи иловагиро пайваст карда, истифодаи бемаҳдуди хизматрасониҳоро идома диҳанд.

Бастаҳои «Боз ҳам 3.0» то анҷоми мӯҳлати тарофаи асосӣ амал мекунанд. Миқдори пайвасткуниҳо тавассути замимаи мобилии «МегаФон Life» ё бо ёрии USSD-дархостҳо бемаҳдуд аст.


Шартҳои муфассал ва ҳаҷми хизматрасониҳо дар ҷадвали зерин оварда шудаанд:

Муҳим: пайвасткунии бастаҳои силсилаи «Боз ҳам New» дигар дастрас нест.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2