МегаФон Таджикистан

“МегаФон Life”: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!

Время чтения: 1 мин
“МегаФон Life”: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!

Дар замимаи мобилии “МегаФон Life” Smart-интиқолҳо бо рақами телефон тавассути паёмрасон дастрас гардиданд. Қаблан интиқоли маблағ танҳо ба воситаи “Ҳамён” бо мушаххасоти корти бонкӣ ё рақами ҳамён (телефон) имконпазир буд, акнун бошад, имкониятҳои замима васеъ шуданд. Бо вуҷуди ин, шарти ҳатмӣ нигоҳ дошта шуд: қабулкунандаи интиқол бояд муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бошад, ки дар толори оператор тартиби тасдиқкунии шахсиятро гузаштааст ва истифодабарандаи мушаххасшудаи “Ҳамён”-и “МегаФон Life” маҳсуб меёбад.

Амали 1

Барои ирсоли маблағ бо рақами телефони мобилӣ “МегаФон Life”-ро кушода, ба қисми "Зангҳо” ва сипас ба “Чатҳо” гузашта, тамоси заруриро интихоб намоед. Дар равзанаи чат назди сатре, ки матни паёмак ворид карда мешавад, доирачаи сабз бо навиштаҷоти “TJS” инъикос меёбад.

Амали 2

Тугмаи «TJS»-ро пахш намоед. Баъдан, аз истифодабаранда face id ё пин-рамзи «Ҳамён» дархост карда шуда,   клавиатура бо рақамҳо пайдо мешавад, тавассути он бояд маблағи интиқол, суратҳисобе, ки аз он воситаҳои пулии интиқолёбанда гирифта мешаванд.

Амали 3

Дар равзанаи кушодашудаи интиқол маблағро ворид карда, манбаеро, ки аз он маблағ фиристода мешавад, интихоб намоед. Вариантҳои дастрас: ҳисоби “Ҳамён”, корти бонкии ба замима вобасташуда ё корти фаъолкардашудаи қарзии “Орзу”.

Амали 4

“Интиқол додан”-ро пахш кунед. Ҳолати интиқол дар чат инъикос меёбад ва Шумо мебинед, ки интиқол анҷом дода шуд.

Маблағи минималии интиқол дар паёмрасони “МегаФон Life” – 1 сомонӣ. Ҳаҷми якдафъаинаи интиқол на зиёда аз 5 759 сомониро ташкил медиҳад. Меъёри моҳона – 125 999 сомонӣ.

Маблағро зуд ва бехатар тавассути “МегаФон Life” интиқол диҳед ва навкунии онро то намунаи охирин фаромӯш насозед!

Замимаро метавонед бо суроғаи [ https://life.tj/ ] .... боргирӣ ва нав намоед.


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2