МегаФон Таджикистан

Мегабайтҳо – ҳамчун туҳфа барои дақиқаҳои зангҳо дар VoLTE

Время чтения: 1 мин
Мегабайтҳо –  ҳамчун туҳфа барои  дақиқаҳои зангҳо  дар  VoLTE

МегаФон Тоҷикистон иқдоми “VoLTE 2023”-ро оғоз мекунад. Дар смартфони худ технологияи VoLTE-ро фаъол карда, алоқаи овозии сифати навро истифода баред. Барои ҳар дақиқаи суҳбат муштарӣ 1 Мб трафики интернетро ҳамчун туҳфа ба даст меорад.    Мегабайтҳои туҳфавӣ дар як ҳафта як маротиба пешниҳод мегарданд. Иқдом то охири моҳи октябр давом мекунад.         

VoLTE ё Voice over LTE - технологияи алоқа мебошад, ки барои якбора занг задан ва истифода бурдани интернети босуръат дар шабакаи 4G/LTE имконият медиҳад. Агар пештар барои занги овозӣ смартфон бояд аз шабакаи насли чорум ба 2G/3G мегузашт ва боз барқарор мешуд, пас ҳоло ин шарт нест. Афзалиятҳои дигари VoLTE - пайвастшавии зуд бо ҳамсуҳбат ( ҳамагӣ 1,5 сония вақт мегирад) ва садои тоза мебошанд.

Барои иштирок дар иқдоми "VoLTE 2023" муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” бояд тариқи суроғаи https://volte2023.megafon.tj/ [ https://volte2023.megafon.tj/ ] ба қайд гирифта шуда, рақами абонентии худро нишон диҳад. Сипас - рамзи тасдиқи тавассути SMS-паёмак аз оператор дастрасшуда ворид гардида,    розигӣ бо шартҳои иқдом, бо пахши тугмаи "Иштирок кардан мехоҳам", баён карда мешавад. Пас аз ин, дар танзимоти гаҷети худ VoLTE-ро фаъол карда, тариқи технологияи нав занг зада метавонед.       

Барои пайваст кардани хизматрасонӣ дар дастгоҳҳои Apple, ба қисмҳои "Настройки" - "Сотовая связь" - "Параметры данных" - "Голос и данные / LTE" - "VoLTE" гузашта, воситаро   фаъол созед.       

Дар смартфонҳои Xiaomi (Redmi) самти амал чунин аст: " Настройки " - " SIM‑карты и мобильные сети" - " Настройки SIM‑карт " ё "Ваша SIM‑карта" - "VoLTE". Агар воситаи пайвасткунӣ/қатънамоӣ мавҷуд набошад, барои фаъол кардани технология рақамчинии USSD-дархости *#*#86583#*#* лозим меояд.

Дар дастгоҳҳои Samsung роҳи фаъолкунӣ чунин аст: " Настройки " - "Подключения " - " Мобильные сети ".   Дар ин банд, воситаро дар ҳошияи " Вызовы по VoLTE" фаъол намоед.

Дар шабакаи 4G занг занед ва барои ҳар дақиқаи суҳбат бо садои тоза як мегабайт интернет ба даст оред!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2