МегаФон Таджикистан

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: қулайтар, зудтар, муфидтар

  • Ширкат
1 просмотр
Время чтения: 2 мин
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: қулайтар, зудтар, муфидтар

Пайвасткунии тарофаҳои муфид, фармоиши SIM-кортҳо ва рақамҳои зебо, онлайн-машваратҳо – ҳамаи ин дар мағозаи интернетии shop.megafon.tj бе зарурати рафтан ба толорҳои алоқа дастрас мебошад. Хотиррасон мекунем, ки маҳз кадом хизматрасониҳоро МегаФон Тоҷикистон дар арафаи 25-солагии худ ба мизоҷони мағозаи интернетӣ пешниҳод менамояд.

 

Сарфаи вақт

SIM-корти нав ё рақами зебо лозим аст? Фармоиш додани онҳо дар мағозаи интернетӣ осонтар мебошад. Харидро метвон дилхоҳ вақт дар хона, ҷойи кор ё ҳатто дар роҳ ба расмият даровард. Фармоишҳо дар давоми се рӯзи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас ба наздиктарин толори алоқа барои анҷоми тартиби барасмиятдарорӣ равона карда мешаванд.

Мағозаи интернетӣ аз рӯйи принсипи “як мизоҷ – як экран” кор мекунад: тамоми маълумот ба истифодабаранда худи ҳозир ва ҳамин ҷой бе навбатпоиҳою интизориҳо дастрас мебошад. Сатри қулайи ҷустуҷӯ бошад, имкон медиҳад, ки тамоми маводи барои истифодабаранда лозимӣ зуд пайдо карда шавад. Ҳамин тавр, рақамро метавон бо суроғаи https://shop.megafon.tj/podobrat-nomer интихоб намуд.

Фармоиши пешакӣ ва музоядаи рақамҳо

Баъзе муштариён мехоҳанд, ки рақамро бо комбинатсияи махсуси рақамҳо – ки аз санаи таваллуди онҳо, рақами мошинашон иборат аст, ё рақами ба рақами шахси наздикашон монандро дастрас кунанд. Агар чунин комбинатсия ҳоло авҷуд набошад, метавон дархост гузошт. Ҳамин ки рақами зарурӣ дастрас мешавад, бо мизоҷ тамос гирифта мешавад.

Дар баробари ин, дар мағозаи интернетӣ музоядаи рақамҳои зебо гузаронида мешавад: зимни он метавон комбинатсияҳои камёфтро бо пешниҳоди нархи беҳтарин пайдо намуд. Ҳамаи ставкаҳо кушоду равшан инъикос меёбанд. Барои онҳое бошад, ки интизор шудан намехоҳанд, имконияти харид аз рӯйи блитс-нарх пешбинӣ шудааст. Муфассалтар дар бораи музояда: https://shop.megafon.tj/auction

Рақамҳои “қиматбаҳо” бо тахфиф ё ройгон

Дар мағозаи интернетӣ мунтазам иқдомҳои махсус ҷараён мегиранд ва дар бисёри мавридҳо онҳо ба рӯзҳои идона бахшида шудаанд. Масалан, алҳол ба истифодабарандагон то 100% тахфиф барои бисёр рақамҳои “қиматбаҳо” дастрас мебошад. Пешниҳодҳо бо тарофаҳои пешпардохтӣ махсусан муфид арзёбӣ мешаванд: ҳангоми пардохти маблағи тарофа ба мӯҳлати 6-9 моҳи минбаъда мизоҷон имкон доранд, ки рақамҳоро бо арзиши то 4 000 сомонӣ туҳфа бигиранд. Ба ғайр аз ин, рақамҳои “платинагӣ”, “тиллоӣ”, ва “нуқрагин др мағозаи интеннетӣ дар назар ба офлайн-толорҳо арзонтар мебошанд.

Интихоби қулайи тарофа

Дар қисми тарофаҳо маълумот оид ба арзиш ва таркиби бастаҳои хизматрасониҳо дар шакли то ҳадди имкон возеҳ ва фаҳмо оварда шудааст. Мизоҷ имкон дорад, ки мустақилона тарофаро интихоб карда, бо назардошти ниёзу талаботи худ пайваст намояд. Муфассалтар: https://shop.megafon.tj/bisoz

Онлайн-машваратҳо ва дастгирӣ

Агар мизоҷ савол дошта бошад, ӯ метавонад тариқи онлайн машварат гирад, занги ҷавобӣ фармоиш диҳад, бо оператор тариқи Telegram ё Instagram дар тамос шавад.

Реҷаи кори мағозаи интернетӣ: душанбе – ҷумъа аз соати 9:00 то 18:00, шанбе ва якшанбе – рӯзҳои истироҳат.

Вобаста ба кори мағозаи интернетӣ ва хизматрасониҳои ширкати “МегаФон Тоҷикистон” саволҳо доред? Ба (+992) 880 880 880 занг занед ё ба почтаи IM@megafon.tj нависед.

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj – қулай, зуд, муфид!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2