МегаФон Таджикистан

Дар Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии “МегаФон Life бо сабки футбол” оғоз ёфт

  • Ширкат
11 просмотров
Время чтения: 5 мин
Дар Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявии “МегаФон Life бо сабки футбол” оғоз ёфт

Ба муносибати 25-солагии худ ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо лигаи футболи Тоҷикистон ба мусобиқаи ҷумҳуриявии “МегаФон Life бо сабки футбол” ҳусни оғоз бахшид, мусобиқа байни футболбозони синнашон то 13-сола баргузор мешавад. Бозиҳои нахустин дар шаҳри Бохтар аз 11 то 15 май гузаронида хоҳанд шуд.

Тӯли мавсими ҷорӣ мусобиқаҳо инчунин дар Шаҳринав (13-18 май), Душанбе (19-25 май), Хуҷанд (25-29 июн) ва Хоруғ (15-20 июн) доир мегарданд. Интизор меравад, ки дар мусобиқаҳо наздики 1 500 футбобозони ҷавон иштирок менамоянд.

Мусобиқаи “МегаФон Life бо сабки футбол” аллакай соли дуюм паиҳам кӯдакону наврасонро аз минтақаҳои мухталиф муттаҳид месозад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки малакаҳои худро инкишоф диҳанд ва истеъдоди варзишии худро новобаста аз макони истиқомат нишон диҳанд.

“Варзиш дар тарбияи насли қавӣ, дар мақсадҳояш устувор ва солим кӯмаки воқеӣ мерасонад. Мусобиқаи “МегаФон Life бо сабки футбол танҳо аз бозиҳои оддӣ иборат набуда, барои кӯдакон ҷиҳати худро санҷидан ва эҳсос кардани дастгирии калонсолон имконияти хеле хуб мебошад. Барои ширкати мо ташкили лоиҳаҳое, ки ба рушди ҷавонон мусоидат карда, дар ташаккули ояндаи футболи тоҷик кӯмак мерасонанд, ниҳоят муҳим аст”, - изҳор дошт Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.

“Футболи кӯдакон маҳз аз чунин мусобиқаҳо шурӯъ шуда, маҳз дар онҳо кӯдакон таҷрибаи нахустини ҷиддиро ба даст оварда, ҷиҳати ҳаракат кардан ба пеш ҳавасманд мешаванд. Мо аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои саҳмгузорӣ дар рушди варзиши кӯдакон ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон хеле миннатдорем”, - мегӯяд Абдулло Соқиев, директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон.

Ба ҳайси шарики мусобиқа ҶСП “Яхмоси 33” баромад менамояд, ки дар бозиҳои ниҳоӣ ба тамошобинону меҳмонон тӯҳфаи ширин – якмоси лазизро пешниҳод хоҳад кард. Аллакай соли дуюм ширкат мусобиқаҳоро дастгирӣ намуда, ба варзишгарон хурсандӣ мебахшад.

МегаФон Тоҷикистон ҳамаи дӯстдорони варзишро ба дастгирии варзишгарон ва муайянсозии номҳои ситораҳои ояндаи футболи тоҷик даъват менамояд!


© 2026 ЗАО «ТТ-Мобайл». Все права защищены

734066, г.Душанбе, ул. Н.Хувайдуллоева 73/2