Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» силсилаи бастаҳои интернетии «MIX GB»-ро нав карда, интернети мобилиро барои муштариёни худ боз ҳам қулайтару муфидтар намуд.
Силсилаи нав аз шаш бастаи интернетӣ бо ҳаҷмҳои ҷудогонаи трафик иборат аст. Он ба ҳар як истифодабаранда имкон медиҳад, ки вобаста ба талаботи худ намуди барояш муносибро интихоб намояд. Рақам дар номи баста ифодагари ҳаҷми умумии трафики дастраси интернет мебошад.
Афзалияти муҳимтарини силсилаи навшуда – тақсимшавии трафик ба ду категория маҳсуб меёбад: интернети умумӣ ва трафик барои хизматрасониҳои маъруфи рақамӣ. Ин гуна тарзи амал ба истифодабарандагон имкон медиҳад, ки гигабайтҳои дохилкардашударо боз ҳам самаранок ба кор бурда, барои муошират, тамошои контент ва кору фаъолият онлайн бимонанд.
Тавсифи яке аз бастаҳо: «MIX GB 5» 5 Гб трафики интернетро дар бар гирифта, аз ин ҳисоб 1 Гб барои истифодаи дилхоҳ манбаъҳои интернетӣ ва 4 Гб барои WhatsApp, Telegram, IMO, WeChat, Facebook, Facebook Messenger, Instagram, «ВКонтакте», «Одноклассники», TikTok ва YouTube пешбинӣ карда шудаанд.
Барои истифодабарандагони аз ҳама фаъол бастаи «MIX GB 90» бо ҳаҷми умумии 90 Гб, аз ҷумла 30 Гб трафики умумии интернет ва 60 Гб барои WhatsApp, Telegram, IMO, WeChat, Facebook, Facebook Messenger, Instagram, «ВКонтакте», «Одноклассники», TikTok ва YouTube пешбинӣ карда шудаанд.
Ҳамаи бастаҳои силсилаи «MIX GB» дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи пайвастшавӣ амал мекунанд. Бастаро метавон мустақилона тариқи замимаи мобилии “МегаФон Life” пайваст намуд. Бастаҳои интернетӣ аз тарофа вобастагӣ надошта, ҳангоми ивазшавии он низ фаъол боқӣ мемонанд.
Силсилаи навкардашудаи «MIX GB» имкон медиҳад, ки ҳаҷми зарурии интернети мобилӣ интихоб ва трафик ба таври самаранок истифода карда шавад. Ҳатто ҳангоми истифодаи фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо муштариён бастаи алоҳидаи мегабайтҳоро барои воридшавӣ ба сомонаҳо, кор бо замимаҳо ва дигар онлайн-вазифаҳо нигоҳ медоранд.
Маълумоти муфассал оид ба бастаҳои силсилаи «MIX GB» дар ҷадвали зерин оварда шудааст: 
Муҳим: пайвасткунии бастаҳои интернетии силсилаи қаблии «MIX» дигар дастрас нест. Муштариён имкон доранд, ки аз бастаҳои нави силсилаи «MIX GB» бо таркиби навшуда истифода баранд.
