Аз 18 июни соли 2026 муштариёни тарофаи “Биё! Бисоз 2.0” имкон доранд, ки ҳатто дар ҳолати саривақт супурда натавонистани пардохти моҳонаи абонентӣ дар алоқа бимонанд.
Агар дар санаи ҳисобкунӣ маблағи тавозуни Шумо барои пардохти бастаи моҳона нокифоя бошад, бастаи ҳаррӯзаи хизматрасониҳо пайваст мегардад. Он ҳар рӯз то муддати дар тавозун пайдо шудани маблағи кифоя барои супурдани пардохти ҳармоҳаи абонентӣ тамдид карда мешавад. Арзиши бастаҳои ҳаррӯза аз тарофаи пайвастшудаи Муштарӣ вобастагӣ дорад.
Ба бастаи ҳаррӯза дохил мешаванд:
· зангҳои бемаҳдуд ба муштариёни “МегаФон Тоҷикистон”;
· дақиқаҳо барои зангҳо ба дигар шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
· бастаи трафики интернет;
· бастаи SMS (агар он тибқи бастаи моҳонаи шумо пешбинӣ шуда бошад).
Дар бастаи ҳармоҳа миқдори дақиқаҳо, трафики интернет ва SMS аз ҳаҷми бастаи моҳонаи дар рақами муштарӣ пайвастшуда вобаста мебошад. Он мувофиқи формулаи зерин муайян мешавад:
Бастаи моҳона (дақиқаҳо, трафики интернет ё SMS) / 30.
Арзиши бастаи ҳаррӯза ҳамчун пардохти абонентии моҳона / 30 + 30% сомонӣ ҳисоб карда мешавад.
Масалан, дар рақами муштарӣ бастаи моҳонаи: 90 дақиқа, 90 Гб трафики интернет ва 150 SMS бо нархи 186,5 сомонӣ дар як моҳ фаъол аст.
Дар ин ҳолат ҳаҷми бастаи ҳаррӯза ба 3 дақиқа, 3 Гб трафики интернет ва 5 SMS бо нархи 8,09 сомонӣ дар як шабонарӯз баробар мешавад.
Акнун Шумо ҳатто дар ҳолати саривақт супурда натавонистани пардохти моҳонаи абонентӣ бе алоқа нахоҳед монд.
